15:26 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Бозори Шоҳмансур-и шаҳри Душанбе. Акс аз 15 июли соли 2015

Дар Душанбе ба дари бозорҳо қулф заданд

© Sputnik Амир Исаев
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
19 0 0

Дари бозорҳои Душанбе баста шуд Масъулини шаҳрдории Душанбе далели баста шудани бозорҳои калонтарини пойтахти Тоҷикистонро рӯзҳои санитарӣ арзёбӣ кардаанд. Азсагирии фаъолияти онҳо аз вазъ вобастагӣ дорад.

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Бозорҳои калонтарини пойтахти Тоҷикистон, "Корвон", "Саховат", "Султони Кабир" ва "Шохмансур" аз сӯи мақомоти шаҳри Душанбе то рӯзи 10 сентябр баста шудаанд, навиштааст Радио Озодӣ.

Далели баста шудани дари бозорҳо ба тоҷирон аз сӯи маъмурияти онҳо баргузории рӯзҳои санитарӣ гуфта шудааст. Субҳи 6 сентябр дар баробари бозорҳои калонтарин, инчунин фаъолияти марказҳои савдои Панҷшер ва Ганҷина, ки дар наздикии бозори Саховат ҷойгиранд, қатъ гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки ОИ "Азия-Плюс" далели баста шудани дари бозорҳои калонтаринро ба хотири таъмини амният ва гурез аз издиҳоми зиёди мардум хондааст. Бо вуҷуд, масъулини шаҳрдории Душанбе рабт доштани басташавии бозорҳо ба ҳамлаҳои охир дар пойтахтро таъйид накарданд.

Манбаъ афзудааст, ки азсаргирии фаъолияти бозорҳо вобастагӣ ба вазъият дошта, шояд дар он тағйироте ворид шавад. Рӯзи 9 сентябр дар кишвар аз 24-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ таҷлил хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
ба дари бозорҳо қуфл заданд, бозорҳо баста шуданд, Ҷалҷам, бозори Саховат, бозори "Шоҳмансур", бозори "Корвон", Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ