11:16 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Празднование Курбан-Байрама. Архивное фото

Муфтии Қазоқистон хост, дар рӯбарӯи қурбонӣ “селфӣ” нагиранд

© Sputnik / Саид Царнаев
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
18 0 0

Дар ҳоле ки сармутахассиси раёсати фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, гуфтану намоиш додани қурбонӣ ба мардум иҷоза мебошад.

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Раиси Идораи муфтиёти Қазоқистон аз сокинони кишвараш даъват кардааст, дар рӯбарӯи қурбонӣ дар рӯзи Идди қурбон, ки имсол 24 сентябр таҷлил мешавад, акс нагиранд, хабар додааст РИА Новости бо истинод ба телевизиони КТК.

Муфтии Қазоқистон Ҳоҷӣ Ерҷан Малгаҷиулӣ гуфтааст, аксбардорӣ дар рӯбарӯи ҳайвони забҳшуда як навъи худнамоишдиҳӣ мебошад, ки ба гуфтаи ӯ, ин кор нодуруст аст.

Тавре Sputnik хабар додааст, аз ин даъвати муфтии Қазоқистон муовини Шӯрои муфтиёти Русия Рушан Аббясов ҳам истиқбол карда, аз мусулмонон хостааст, аз ин амал худдорӣ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки сармутахассиси раёсати фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон Ҷамолиддин Хомӯшӣ мегӯяд, намоиш додани қурбонӣ ва дар бораи он ба мардум чизе гуфтан иҷоза мебошад.

"Дар ин ҳолатҳо шахс ҳақ дорад, ки дар мавриди кори хайраш ба дигарон бигӯяд. Яъне қурбониеро забҳ карда, ба ниёзмандон гӯшт тақсим кардааст ва ин ҳам худнамоӣ ҳисобида намешавад. Албатта, ин ба қурбонии рӯзи Иди азҳо рабт дорад",- афзуд ӯ. Вале ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, намоиши раванди забҳи қурбонӣ тариқи акс ё видео манъ мебошад.

Иди қурбон ё худ азҳо яке аз ду иди бузурги мусулмонон мебошад, ки имсол дар Тоҷикистон аз он рӯзи 24 сентябр таҷлил мешавад.

Барчаспҳо:
фатво, ҷоиз, селфӣ, ид, қурбонӣ, Ҳоҷӣ Ерҷан Малгаҷиулӣ, Рушан Аббясов, Ҷамолиддин Хомӯшӣ, Қазоқистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ