Эмомалӣ Раҳмон: нақшаи хоинон ин дафъа низ барбод рафт

Обуна шудан
Ба наздикону пайвандони 14 корманди ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми адои вазифа ба ҳалокат расидаанд, баъди марг ва ба як нафар маҷруҳ орден ва рутбаи навбатии ҳарбӣ тақдим гардид.

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба сарбазону кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки дар ҳаводиси ахир иштирок кардаанд, мукофоту орден ва рутбаҳои баланд тақдим кард, менависад сомонаи президент.

Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қадрдонии иштирокдорони амалиёт алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим

"122 сарбозу шаҳрвандон барои хизмати содиқона бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла, Ордени Спитемен дараҷаҳои 1 ва 2, Ордени Шараф, медали Ҷасорат, рутбаҳои навбатӣ ва Ифтихорномаи Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд", — омадааст дар хабари сомона.

Ба наздикону пайвандони 14 корманди ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми адои вазифа ба ҳалокат расидаанд, баъди марг ва ба як нафар маҷруҳ орден ва рутбаи навбатии ҳарбӣ тақдим гардид. Ин мукофотҳо зимни вохӯрии президент бо афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки субҳи имрӯз, 25 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, супорида шуд.

"Хушбахтона, мақсади нопоку хиёнаткоронаи хоинон ва хоҷагони хориҷиашон ба шарофати ҷасорату далерии ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, инчунин ҷонибдории мардуми сулҳпарвару ватандӯсти кишвар бартараф карда шуд ва нақшаи хоинони ватан ин дафъа низ барбод рафт", — гуфтааст президент.

Султони Ҳамад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: Ҳоҷӣ Ҳалим ва Эшони Ҷунайдуллоҳ аз ҷумлаи сулҳхоҳон буданд

Раисҷумҳур ба аҳли оила, наздикону пайвандони сарбозону афсароне, ки бар зидди "дастаи террористӣ ва душманони халқу ватан" ба набард бархоста, ҳангоми адои вазифаи хизматӣ ҷони худро аз даст додаанд, изҳори тасаллият карда, таъкид намудааст, ки "шуҷоату далерии онҳо аз хотираи мардуми тоҷик ва давлату ҳукумат ҳаргиз фаромӯш" нахоҳад шуд.

Чорабинии имрӯзаро гузашти низомии ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ, Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Хадамоти гумрук, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, воҳидҳои зудамал, воҳидҳои танкӣ, артилерия ва Оркестри ҳарбии муттаҳидаи Вазорати мудофиа ва гвардияи миллӣ анҷом бахшиданд, омадааст дар сомона.

Лентаи хабарҳо
0