16:43 23 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Кӯдакон дар ӯрдугоҳ барои гурезаҳо

Дар соҳилҳои Либия ҷасади садҳо гуреза пайдо шуд

© AP / Hadi Mizban
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Ба иттилои Созмони ҷаҳонии муҳоҷират (СҶМ) теъдоди муҳоҷирин аз кишварҳои Ховари Миёна беш аз 500 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Душанбе, 5 окт — Sputnik. Тайи панҷ рӯзи ахир дар соҳилҳои Либия ҷасади 95 паноҳҷӯ дар соҳилҳои Либия дарёфт гардид, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба шабакаи телевизионии Press TV.

Намояндаи Ҳилоли Аҳмар Муҳаммад ал-Масратӣ ба шабакаи телевизионӣ гуфтааст, 85 ҷасад дар наздикии соҳилҳои пойтахти кишвар- Троблус ва 10 ҷасади дигар дар наздикии шаҳри Сабрат, ғарбтари Троблус пайдо шуданд.

Ба қавли ал-Масратӣ, аксари ҳалокшудагон паноҳҷӯён аз дигар мамолики африқоӣ мебошанд, ки тариқи Либия ба кишварҳои Аврупо рафтанӣ буданд. То ин замон аҷсоди гурезаҳо дар соҳилҳои марбути Юнон, Туркия ва Либия пайдо шудаанд, ки нияти муҳоҷират ба кишварҳои аврупоиро доштанд.

Тибқи маълумоти ироакардаи СҶМ, теъдоди гурезаҳое, ки аз кишварҳои Ховари Миёна тариқи марзҳои Италия ва Юнон ба Аврупо ворид шудаанд, беш аз ним миллион- 522 ҳазору 134 нафарро ташкил дод.

 

 

 

Барчаспҳо:
гурезаҳо, ҷанг дар Ховари Миёна, соҳилҳои Либия, ҳалокати одамон, аҷсоди гурезаҳо дарёфт шуд, Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, СҶМ, Ҳилоли Аҳмар, Муҳаммад ал-Масратӣ, Туркия, Хорватия, Либия, Юнон

Мавзӯъҳои асосӣ