20:46 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Парлумони ҶТ соҳиби бинои нав мешавад: дар рӯбарӯи “Боғи Рӯдакӣ”

© Sputnik
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
24 0 0

Ба гуфти сармеъмори шаҳри Душанбе, тибқи нақшаи генералии пойтахт, тахриби бинои парлумон дар назар гирифта нашудааст. Барои қонуннависон дар рӯбарӯӣ “Боғи Рӯдакӣ” бинои муосир эҳдос хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Бинои парлумон тахриб карда намешавад, балки соҳиби бинои нав мегардад, иброз дошт сармеъмори шаҳри Душанбе Қудратулло Файзуллоев аснои сӯҳбат бо Sputnik.

"Нақшаи генералии пойтахт тахриб ва вайрон кардани бинои парлумонро дар назар надорад, баръакс бинои нав дар рӯбарӯи боғи Рӯдакӣ бунёд мешавад",- қайд кард ӯ.

Қаблан расонаҳо навиштанд, ки дар пойтахт 6 иншоот, аз ҷумла биноҳои парлумон, дастгоҳи иҷроияи президент, ҳукумати шаҳри Душанбе, театрҳои Лоҳутӣ ва Маяковский, инчунин чойхонаи "Роҳат" кӯчонида мешаванд.

Ҳамзамон Файзуллоев афзуд, барои дақиқ кардани иттилоъ дар бораи тахриби иншооти дигар бояд ба Кумитаи сохтмон ва меъморӣ муроҷиат кард, зеро онҳо ба баррасии ин масъала машғул мебошанд.

Ба қавли ӯ, дар ҷойи ҳозираи дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур, театри Лоҳутӣ ва театри Маяковский, яъне дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ, ҳамшафат бо хиёбони Рӯдакӣ бунёди идораи ҳукумати шаҳри Душанбе дар назар аст.  

Барчаспҳо:
эҳдоси биноҳои нав, кӯчонидан, тахриби биноҳо, нақшаи генералии пойтахт, бинои дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур, чойхонаи Роҳат, театри Лоҳутӣ, Театри Маяковский, парлумони Тоҷикистон, "Боғи Рӯдакӣ", Қудратулло Файзуллоев, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ, хиёбони Рӯдакӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ