Оғози парвозҳои Боинг-737-и "Сомон Эйр" дар масири Бишкек-Душанбе

© Фото : Пресс-служба "Сомон Эйр"Ҳавопаймои "Сомон Эйр". Акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймои Сомон Эйр. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Парвози ҳавопаймоҳои "Сомон Эйр" аз шаҳри Душанбе ба пойтахти Қирғизистон ва баръакс ҳафтае 2 бор- рӯзҳои ҷумъа ва якшанбе анҷом меёбад.

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Парвози ҳавопаймоҳои ширкати хусусии "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон тариқи масири Душанбе-Бишкек- Душанбе оғоз гардид, хабар медиҳад бахши қирғизии Sputnik бо истинод ба фурудгоҳи байналмилалии Манас.

Парвози ҳавопаймоҳои "Сомон Эйр" аз шаҳри Душанбе ба пойтахти Қирғизистон ва баръакс ҳафтае 2 бор- рӯзҳои ҷумъа ва якшанбе анҷом меёбад.

Қаблан масъулини ширкати "Сомон Эйр" дар ин бора хабар дода гуфтанд, ҳадаф аз кушодани хатсайри нав зиёд шудани мусофирон дар ин масир арзёбӣ мегардад.

Самолет Сомон Эйр. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати "Сомон Эйр" парвози ҳавопаймоҳояшро ба Бишкек ба роҳ мемонад

Кулли парвозҳоро дар ин хат ҳавопаймои Боинг-737-и ширкати "Сомон Эйр" анҷом медиҳад ва арзиши чиптаи якҷониба 69 евроро ташкил медиҳад.

Масъулони ин ширкат мегӯянд, ки вақти парвозҳо аз Душанбе ба Бишкек рӯзҳои ҷумъа соати 21 ва рӯзҳои якшанбе соати 21-30 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ба назар гирифта шудааст.

Маврид ба тазаккур аст, ки то ин вақт танҳо ҳавопаймоҳои ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" ҳафтае ду маротиба парвозҳоро анҷом медоданд.

Дар умум дар масири Душанбе-Бишкек дар як ҳафта 6 парвоз тавассути ҳавопаймоҳои ду ширкати Тоҷикистон ва ду ширкати Қирғизистон анҷом меёбад.

Лентаи хабарҳо
0