05:39 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
17 0 0

Дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ 885 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуда, 782 ҳазор тоннаи он фурӯхта шудааст.

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Ангиштканони тоҷик то моҳи ноябри соли равон тавонистаанд, нисбат ба нишондоди ҷамъбастии соли гузашта 10 ҳазор тонна зиёд ангишт истихроҷ кунанд, хабар додааст Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.

"Дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳури 885 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 26% зиёд мебошад", — афзудааст манбаъ.

Дар давоми соли 2014 дар ҷумҳурӣ 875 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардидааст, ки ангишканони тоҷик имсол то аввали моҳи ноябр аз ин нишондод зиёд ангишт кандаанд.

Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, аз аввали соли равон то ҳол 782 ҳазор тонна ангишт фурӯхта шудааст.

Захираи ангишт бо назардошти бақияи соли сипаригардида дар анбор ва нуқтаҳои фурӯши корхонаҳо то 3 ноябри соли равон 194 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ, дар якшабонарӯз 4,5 ҳазор тонна ангишт истихроҷ мешавад.

Дар қаламрави ҷумҳурӣ 15 корхона бо истихроҷи ин навъи сӯзишворӣ машғуланд, ки бузургтарини онҳо корхонаҳои "Фон-Яғноб", "Зиддӣ", "Назар-Айлоқ", "Шӯроб" ва "Сайёд" мебошад.

Айни замон зиёда аз 200 корхонаҳои соҳаҳои саноат, Марказҳои барқу гармидиҳӣ, дегхонаҳои хоҷагиҳои коммуналӣ ба ҷои гази табиӣ ва сӯзишвориҳои моеъ ангиштро ҳамчун сӯзишвории алтернативии технологӣ истифода мебаранд.

 

Барчаспҳо:
ҳазор, "Сайёд", "Шӯроб", "Назар-Айлоқ", "Зиддӣ", "Фон-Яғноб", технология, нав, ангишт, тонна, истихроҷ, вазорат, саноат, Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ