06:29 30 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.19
  • RUB0.13
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
26 0 0

Кишоварзони вилояти Суғд низ машғули ҷамъоварии ҳосили ғалла буда, имсол дар майдони 112 ҳазору 765 гектар кишти ғалладона гузаронидаанд.

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Соли равон дар ҷумҳурӣ дар майдони 324 ҳазору 194 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст ва то 5 ноябри соли равон аз ин майдон 323 ҳазору 295 гектари он даравида шудааст, ки 99,7 фоизро ташкил медиҳад, иттилоъ доданд ба Sputnik дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.

"То имрӯз майдони 322 ҳазору 657 гектар ғалладонагӣ кӯфта шудааст ва ҳосили умумии ғалладонагиҳо 832 ҳазору 149 тоннаро ташкил дод ва ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65 ҳазору 794 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ  бошад, аз ҳар гектар 25,8 сентнериро ташкил медиҳад",- афзуд сарчашма.

Кишоварзони вилояти Хатлон имсол дар майдони 143 ҳазору 337 гектар кишти ғалладонагӣ гузаронидаанд, ки то ба имрўз майдони 142 ҳазору 900 гектари он даравида шудааст ва ин ба 99,7 фоиз баробар мебошад. Ҳамзамон ҳосили 142 ҳазору 830 гектари он кӯфта шудааст.

Ҳосили умумии ғаладонагиҳо 477 ҳазору 781 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 ҳазору 042 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар дар ин вилоят 33,5 сентнериро ташкил медиҳад.

Кишоварзони  вилояти Суғд низ машғули ҷамъоварии ҳосили ғалладонагӣ буда, имсол дар майдони 112 ҳазору 765 гектар кишти ғалладонагӣ гузаронидаанд. То 5 ноябри соли равон майдони 112 ҳазору 765 гектар ғалладона дарав шудааст, ки 100 фоизро ташкил медиҳад.

Дар шимоли кишвар то имрӯз ҳосили 112 ҳазору 701 гектари он кӯфта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 38895 гектар зиёд мебошад. Ҳосили умумӣ 183 ҳазору 213 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47 ҳазору 838 тонна зиёд мебошад ва ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 16,3 сентнерӣ аст.

Тибқи иттилоъи Вазорати кишоварзӣ дар вилояти Бадахшон соли равон дар майдони 6217 гектар кишти ғалладонагӣ гузаронида шуда, то имрӯз майдони 6197 гектари он даравида шудааст, ки баробари 99,7 фоиз мебошад. Ҳосили умумӣ 11 ҳазору 836 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 402 тонна кам мебошад ва ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 19,2 сентнериро ташкил медиҳад.

Барчаспҳо:
99,7 фоиз, ҳосили ғалла, ҷамъоварӣ, вазорати кишоварзӣ, вилояти Хатлон, ВМКБ, вилояти Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ