05:24 21 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Маркази барқию ҳароратии Душанбе-2

Маркази "Душанбе-2" гармкунии 242 иншооти пойтахтро оғоз кард

© Sputnik Амир Исаев
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
30 0 0

Маркази барқию ҳароратии Душанбе-2 бо ангишт ба кори худ шуруъ кард. Аммо ба иддаои мақомоти “Барқи тоҷик”, тамоми талаботи меъёрҳои байналмилалӣ риоя хоҳанд шуд.

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Бо ба кор даромадани Маркази барқию ҳароратии Душанбе-2 дар маҷмуъ 242 иншоот ва хонаи истиқоматӣ дар пойтахти Тоҷикистон бо гармӣ таъмин мешавад, иттилоъ медиҳад ширкати "Барқи тоҷик".

Тибқи иттилои ин ширкат Маркази барқию ҳароратии Душанбе-2 рӯзи 10 ноябри соли равон кори худро шуруъ кардааст.

Ҳамарӯза маркази мазкур то 80 МВТ нерӯи барқ ва то 60 Гкал гармӣ истеҳсол менамояд.

"Барои дар фасли зимистон фаъолият намудани ин иншоот 252 ҳазор тонна ангишт захира шудааст, ки ҳамаи ин миқдор аз конҳои ватанӣ кашонда шудааст", — меафзояд манбаъ.

Ҳамзамон дар Маркази барқию ҳароратии Душанбе-2 сохтмони навбати дуюми ин марказ идома дорад, ки дар сурати бунёд шудани он иқтидори марказ то 400 МВТ нерӯи барқ ва то 235 Гкал гармӣ боло хоҳад рафт. Корҳои сохтмонӣ дар ин марказ аз ҷониби ширкати чинии ТВЕА иҷро мешаванд.

Бахши аввали Маркази барқию ҳароратии Душанбе-2 10 ноябри соли 2014 мавриди истифода қарор гирифта буд.

"Бо вуҷуди бо ангишт кор кардани маркази нави барқу гармидиҳӣ вобаста ба он, ки дар он технологияи навтарин насб шудаанд ва тамоми талаботи меъёрҳои байналмилалӣ риоя шуда, марказ дорои се марҳилаи низоми ҳавотозакунист, ҳангоми кор кардани Маркази барқу гармӣ муҳити экологӣ зарар намебинад", — менависад "Барқи тоҷик".

Дар маҷмуъ сохтмони ин марказ бар ивази 870 миллион сомонӣ ё наздик ба 180 миллион доллар анҷом дода мешавад. Ин маблағ аз ҳисоби қарзҳои бонки чинии "Эксимбанка" ва Бонки рушди ин кишвар ҷудо карда шудааст.

Барчаспҳо:
гармӣ, Душанбе-2, ҳароратӣ, барқӣ, чинӣ, марказ, Барқи тоҷик, иншоот, доллар, сомонӣ, кор, ширкат, пойтахт, Тоҷикистон, Маркази барқию ҳароратии Душанбе-2, ширкати "Барқи тоҷик", Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ