Маркази "Душанбе-2" гармкунии 242 иншооти пойтахтро оғоз кард

© Sputnik / Амир ИсаевМаркази барқию ҳароратии Душанбе-2
Маркази барқию ҳароратии Душанбе-2 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази барқию ҳароратии Душанбе-2 бо ангишт ба кори худ шуруъ кард. Аммо ба иддаои мақомоти “Барқи тоҷик”, тамоми талаботи меъёрҳои байналмилалӣ риоя хоҳанд шуд.

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Бо ба кор даромадани Маркази барқию ҳароратии Душанбе-2 дар маҷмуъ 242 иншоот ва хонаи истиқоматӣ дар пойтахти Тоҷикистон бо гармӣ таъмин мешавад, иттилоъ медиҳад ширкати "Барқи тоҷик".

Чиниҳо нерӯгоҳи ҳароратӣ дар Душанберо зимистони соли ҷорӣ месозанд

Тибқи иттилои ин ширкат Маркази барқию ҳароратии Душанбе-2 рӯзи 10 ноябри соли равон кори худро шуруъ кардааст.

Ҳамарӯза маркази мазкур то 80 МВТ нерӯи барқ ва то 60 Гкал гармӣ истеҳсол менамояд.

"Барои дар фасли зимистон фаъолият намудани ин иншоот 252 ҳазор тонна ангишт захира шудааст, ки ҳамаи ин миқдор аз конҳои ватанӣ кашонда шудааст", — меафзояд манбаъ.

Ҳамзамон дар Маркази барқию ҳароратии Душанбе-2 сохтмони навбати дуюми ин марказ идома дорад, ки дар сурати бунёд шудани он иқтидори марказ то 400 МВТ нерӯи барқ ва то 235 Гкал гармӣ боло хоҳад рафт. Корҳои сохтмонӣ дар ин марказ аз ҷониби ширкати чинии ТВЕА иҷро мешаванд.

Тавлиди тилло (тиллошӯӣ). Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дар ивази Маркази гармидиҳӣ ба Чин 2 кони тилло додааст

Бахши аввали Маркази барқию ҳароратии Душанбе-2 10 ноябри соли 2014 мавриди истифода қарор гирифта буд.

"Бо вуҷуди бо ангишт кор кардани маркази нави барқу гармидиҳӣ вобаста ба он, ки дар он технологияи навтарин насб шудаанд ва тамоми талаботи меъёрҳои байналмилалӣ риоя шуда, марказ дорои се марҳилаи низоми ҳавотозакунист, ҳангоми кор кардани Маркази барқу гармӣ муҳити экологӣ зарар намебинад", — менависад "Барқи тоҷик".

Дар маҷмуъ сохтмони ин марказ бар ивази 870 миллион сомонӣ ё наздик ба 180 миллион доллар анҷом дода мешавад. Ин маблағ аз ҳисоби қарзҳои бонки чинии "Эксимбанка" ва Бонки рушди ин кишвар ҷудо карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0