03:27 23 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Сандуқи хайрияе, ки дар даромадгоҳи ширкати мобилӣ гузошта шудааст..

Корбарони Facebook барои бартангиҳо пул ҷамъ мекунанд

Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Зилзилаи Бадахшон ва бартарафсозии оқибатҳои он (16)
2001

Ба ин ташаббус инчунин ду ширкати бузурги мухобиротии Тоҷикистон - "TCELL" ва "Beeline" низ пайвастанд.

Душанбе, 10 дек — Sputnik. Корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ҷамъоварии маблағ ба сокинони водии Бартанг, ки дар пайи заминларзаи 7 декабр хонаҳои худро аз даст доданд, шурӯъ кардаанд.

Мақомоти маҳаллии ноҳияи Рӯшони Бадахшон аллакай ҳаҷми хисороти заминларзаи ахирро 24 миллион сомонӣ муайян кардаанд. Дар натиҷаи ин заминҷунбӣ мактаб, роҳҳои мошингарду даҳҳо манозили маскунии одамон хароб шудаанд.

Маркази заминларзаи рӯзи 7 декабр дар 357 км ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ва километри 22-юм аз кӯли Сарез  ҷойгир буда, шиддати он дар марказ 7-8 бал, дар Сарез 5-6 ва дар шаҳри Душанбе 3-4 балро ташкил дод.

Дар гуруҳи "Pamir news"-и шабакаи иҷтимоии "Facebook" матлабе нашр шудааст, ки тибқи он хоҳишмандон метавонанд, тавассути суратҳисобе дар Амонатбонк бо рақамҳои зерин кӯмаки худро фиристанд: 20202972600050571000 БИК 350101626 Корсчет 20402972316264 ИНН 720002556.

Скриншот поста в группе Pamir News  в социальной сети Facebook
Скриншот поста в группе Pamir News в социальной сети Facebook

Ба ин ташаббус инчунин ду ширкати бузурги мобилии Тоҷикистон — "TCELL" ва "Beeline" ҳам пайвастаанд. Муштариёни ин ширкатҳо метавонанд, тавассути ирсоли паёмак кӯмаки худро ба сокинони Бартанг расонанд.

Арзиши як паёмак 5 сомониро ташкил медиҳад. Аммо хоҳишмандон метавонанд, бо такрори ирсоли паёмак амали худро зиёд кунанд.

Тибқи иттилои масъулини ширкати "Beeline", аз 8 декари соли равон то ба ҳол, 200 мушатрии он паёмак фиристодааст, ки арзиши умумии онҳо 1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Масъулини ширкати Tcell ҳанӯз шумори паёмакҳои ирсолшударо ҳисоб накардаанд.

Мавзуҳо:
Зилзилаи Бадахшон ва бартарафсозии оқибатҳои он (16)
Барчаспҳо:
бесарпаноҳ, заминларза, зарардидагон, ҷамъоварӣ, кӯмак, сангрезӣ, хисороти ларзиши замин, зилзилаи Бартанг, заминҷунбӣ дар Бадахшон, "Beeline", "TCELL", Сарез, Рӯшон, Бадахшон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ