02:18 16 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Гала-консерти КВН. Акс аз бойгонӣ

Бохти дастаи КВН-и Тоҷикистон дар Маскав

© Sputnik / Михаил Мокрушин
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
24 0 0

Дар сабқати ниҳоии маҳфили “Зарифон”, ё ба истилоҳ “КВН” дастаи “Плюшки ба номи Ярослав Гашек”-и Донишгоҳи давлатии Твер соҳиби 12,0 имтиёз гардид.

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Мунтахаби КВН-и Тоҷикистон, ки барои иштирок дар даври ниҳоии "Зарифон" ё КВН-и лигаи марказии Маскав ба Русия сафар карда буд, ноком шуд.

Дар қисмати ниҳоӣ шаш тим байни ҳам сабқат карданд. Дастаи Тоҷикистон бо касби 9,0 имтиёз мақоми охиринро соҳиб шуд.

Барандаи озмун-сабқати ҳозирҷавобон тими "Плюшки ба номи Ярослав Гашек"-и Донишгоҳи Твер, ки 12,0 хол гирифт, эълом гардид.

Ҳамин тавр, ҳозирҷавобони тоҷик натавонистанд ба Премер-лигаи КВН, ки ровии он Александр Маслякови хурдӣ мебошад, роҳ ёбанд.

Намоишҳои ҳаҷвнигорони тоҷик иборат аз саҳна ва сурудҳои ҳаҷвӣ буда, мақсадашон шинос кардани ҳунар, таърих ва истеъдоди тоҷикон мебошад.

Мунтахаби ҳозирҷавобон (КВН)-и Тоҷикистон аз ҳашт нафар иборат буда, сарпарастии онро ҳукумати вилояти Суғд бар зимма дорад.

Барчаспҳо:
КВН, шикасти ҳозирҷавобони тоҷик, ҳозирҷавобон, Премер-лигаи КВН, Мунтахаби КВН-и Тоҷикистон, Александр Масляков, Тоҷикистон, Русия, Твер, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ