13:45 04 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
34 0 0

Саршумори чорвои калон дар умум дар ҷумҳурӣ то 1 октябри соли равон ба 154 ҳазору 8 сар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи муайяни соли гузашта 57,4 ҳазор ё 2,7% зиёд мебошад.

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Арзиши маҳсулоти ғизоии маҳаллӣ ба тадриҷ дар бозорҳои Тоҷикистон поин меравад, навиштаанд расонаҳои дохилӣ.

"Аз ҷумла нархи гӯшту мева поин рафтааст. Аввали моҳи декабри соли равон як кило гӯшти гов 34 сомонӣ буд ва ҳоло он ба 28-30 сомонӣ поин фаромадааст", — менависанд расонаҳо.

Ба навиштаи ВАО-и дохилии кишвар, тоҷирон омили ин равандро коҳиши талаботи истеъмолӣ арзёбӣ кардаанд. Тибқи иттилои Кумитаи омори Тоҷикистон, дар давоми 9 моҳи соли равон дар умум дар ҷумҳурӣ 117 ҳазору 304 тонна гӯшт истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи муайяни соли гузашта 4,6% зиёд мебошад.

Шумори чорвои калон дар умум дар ҷумҳурӣ то 1 октябри соли равон ба 154 ҳазору 800 сар расидааст, ки нисбат ба ҳамин  давраи муайяни соли гузашта 57,4 ҳазор ё 2,7% зиёд мебошад.

Арзиши маҳсулоти воридотӣ, аз қабили орду равғани растанӣ баръакс боло рафтааст. Коршиносон инро ба беқурбшавии пули миллӣ рабт медиҳанд, ки гуфтаи онҳо, поин рафтани арзиши сомонӣ ба нархи маҳсулоти воридотӣ дигаргуниҳо ҳатман ворид хоҳад кард. Инчунин коҳиши талаботи истеъмолӣ дар либосу пояфзол ҳам ба чашм мехурад.

Барчаспҳо:
гов, равған, орд, гӯшт, пули миллӣ, сомонӣ, арзиш, поин рафтани нархи маҳсулоти маҳаллӣ, Кумитаи омори ҶТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ