06:11 22 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.06
  • RUB0.14
Дар вилояти Хатлон маркази пилотии ғизои мактабӣ ифтитоҳ шуд

Тоҷикистон аз ИА 251 миллион евро мегирад

© Официальная страница посольства РФ в РТ в Facebook
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
14 0 0

Комиссияи вижаи Иттиҳоди Аврупо эълом дошт, ки ба ваъдаи худ барои ҷудо кардани 251 миллион евро ба Тоҷикистон содиқ мебошад.

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе иттилоъияе паҳн кард, ки дар ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо Комиссияи Аврупо ваъдаи худро барои ҷудо намудани 251 млн евро ба Тоҷикистон чун маблағгузории нав барои рушди ҶТ дар давраи солҳои 2014-2020 боз як бор таъкид сохт.

Тасмими ироаи 251 миллион евро кумак ба Тоҷикистон ҳануз моҳи июни соли 2014 дар иҷлоси сеюми Кумитаи ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз сар гирифта шуда буд.

Ҳамчунин, даҳаи дуввуми моҳи октябри ҳамон сол Комиссияи Аврупо дар ҷаласаи чоруми Шӯрои ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон дар Люксембург низ гуфта буд, ки тибқи Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои солҳои 2014-2020 ба Тоҷикистон 251 миллион евро кумак хоҳад кард.

Таъкид мешавад, ки ҳаҷми умумии кумакҳои Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон аз оғози давраи истиқлол то ба имрӯз беш аз 500 миллион евроро дар бар мегирад.

Дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, маблағи мазкур асосан ба рушди деҳот, тандурустӣ ва маориф равона карда мешавад, зеро ин соҳаҳо барои рушди иқтисодӣ ва суботи иҷтимоӣ, хусусан дар шароити ҳозираи иқтисодии Осиёи Марказӣ ҳаётан муҳим мебошанд. 

Барчаспҳо:
ёрдам, кумак, маболиғи ИА ба ҶТ, Шӯрои Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, Комиссияи Аврупоӣ, Сироҷиддин Аслов, Люксембург, Белгия, Брюссел, ИА, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ