08:55 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Ба Сироҷиддин Аслов ҷоизаи “Water Catalyst Award”-ро тақдим карданд

Даъвати Аслов барои ҷонибдории Тоҷикистон аз ECOSOC

© Страница МИД РТ в Facebook
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
24 0 0

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон аз кишварҳои Америкаи Лотинӣ ва ҳавзаи Қариб даъват кардааст, ки номзадии ҶТ-ро ҷонибдорӣ намоянд.

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон. Сироҷиддин Аслов аз кишварҳои Америкаи Лотинӣ ва ҳавзаи Қариб даъват кардааст, ки номзадии Тоҷикистонро дар Шӯрои СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пуштибонӣ кунанд, менависад сомонаи вазорат.

Манбаъ мегӯяд, 25-уми феврал дар Ню- Йорк Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии ҶТ дар ҷаласаи ҳармоҳаи Гуруҳи кишварҳои Америкаи Лотинӣ ва ҳавзаи Қариб таҳти раёсати Намояндаи доимии Уругвай дар СММ ширкат ва суханронӣ кардааст.

Оқои Аслов дар ин ҳамоиш дар бораи саҳми Тоҷикистон дар татбиқи барномаи ҷаҳонии рушди устувор, аз ҷумла дар самтҳои иқтисодӣ, баробарии гендерӣ, мубориза бо маводи мухаддир, рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, маориф ва амсоли ин суҳбат кардааст.

Ҳамчунин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон омодагии Душанберо барои идомаи ҳамкориҳо бо кишварҳои манфиатдор дар соҳаҳои зикршуда иброз доштааст.

Ҷаноби Аслов дар анҷоми кори нишаст аз кишварҳои Америкаи Лотинӣ ва ҳавзаи Қариб даъват кардааст, ки омзадии Тоҷикистонро дар Шӯрои СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (ECOSOC) барои солҳои 2017-2019 дар интихоботе, ки 14-уми июни 2016 дар Маҷмаи Умумии СММ баргузор мегардад, дастгирӣ намоянд.

Барчаспҳо:
андеша, изҳори назар, даъвати Аслов, Гуруҳи кишварҳои Америкаи Лотинӣ ва ҳавзаи Қариб, Шӯрои СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (ECOSOC), Сироҷиддин Аслов, ИМА, Ню-Йорк, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ