07:31 03 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
153 0 0

Назорати аҳолӣ дар ҷойҳои серодам ва мавзеъҳое, ки одамон зиёд ҷамъ мешаванд тариқи дурбинҳои мушоҳидавӣ амалӣ мешавад.

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Барои таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва ҳимояи амнияти шаҳрвандон, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур дод, ки дар ҳамаи масҷидҳои расман амалкунандаи шаҳр аз ҳисоби худи масҷидҳо дурбинҳои мушоҳидавӣ ва дастгоҳҳои муосири кашфи ҷисмҳои металлӣ насб карда шавад.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии пойтахт, ин тасмимро номбурда рӯзи 28 март дар ҷаласаи машваратии масъулини пойтахт иброз дошта, зимнан дар нишаст мушкилоти марбут ба ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар шаҳр баррасӣ шуд.

Оқои Убайдуллоев ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки дар муҳлати як моҳ оид ба ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба фаъолияти хатсайрҳои ғайриқонунии нақлиёти ҷамъиятӣ ва таваққуфи стихиявии воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар назди истгоҳҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ тадбирҳои муассир андешанд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ҳар моҳ доир ба масоили ҳимояи ҳуқуқи мусофирон, риояи меъёрҳои санитарӣ ва реҷаи кор дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба раиси шаҳр маълуомт пешниҳод карда шавад.

Бо мақсади таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва ҳимояи амнияти шаҳрвандон, раиси пойтахт дастур дод, ки дар ҳамаи масҷидҳои расман амалкунандаи шаҳр аз ҳисоби худи масҷидҳо камераҳои мушоҳидавӣ ва дастгоҳҳои муосири кашфи ҷисмҳои металлӣ насб карда шавад.

Ба иловаи ин супориш дода шуд, ки чунин муқаррарот дар муассисаҳои тиббӣ ва маориф, тарабхонаҳо, марказҳои савдою маишии шаҳр ҷорӣ ва назорати фаъолияти доимии онҳо аз ҷониби сохторҳои зидахл комилан таъмин шавад.

Мавзуъ

Семинари имом-хатиби масҷиди Маскав дар Душанбе
Барчаспҳо:
таҷҳизот, камера, насб, масҷид, масоҷид, дурбинҳо, ҳукумати шаҳри Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Тоҷикистон, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ