13:38 23 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
59 0 0

Дар Қирғизистон ҳамагӣ 821 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст, иттилоъ дод вазир Кудайберген Бозорбоев зимни вохӯрӣ бо гирандагони кӯмакҳои иҷтимоии ноҳияи Кара-Кулҷини вилояти Ош.

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Ба гуфти Бозорбоев имрӯз дар ҷумҳурӣ 3974 коргарони ақибгоҳ, 9 нафар аз артиши меҳнатӣ, 30 муҳосиршудагон, 29 собиқ ноболиғони маҳбусони лагерҳо ва 18 ҳамсарони собиқадорон умр ба сар мебаранд.

Вазир ёдовар шуд, ки ба ҳамаи онҳо кӯмаки иҷтимоӣ ба намуди пардохтҳои якдафъаинаи моҳона ва солона, ки аз буҷаи давлат ҷудо гардидааст расонида мешавад.

"Дар соли 2015 ба шарафи 70-солагии ҶБВ маблағи кӯмак аз 10 то 15 ҳазор сом зиёд карда шуд",-мегӯяд хадамоти матбуотӣ аз суханони вазир.

Кӯмакпулии якдафъаина барои ҳамаи гурӯҳҳои номбаршуда бахшида ба ҷашни 9 Май 10-15 ҳазор сомро ташкил дода, маблағи умумӣ аз 54 миллион зиёдтар аст, қайд кард вазир.

Моҳи майи соли гузашта хадамоти матбуотии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон хабар дода буд, ки 1141 ҳазор нафар бо медали ҷашнии 70-солагии Ғалаба дар ҶБВ (1941-1945)  ба собиқадори ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфароз гардиданд.

Мавзуъ

Дар Челябинск филми мустанади тоҷикӣ дар бораи ҶБВ намоиш дода шуд
Барчаспҳо:
медали ҷашнӣ, кӯмакпулӣ, ҶБВ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ