07:16 23 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.06
  • RUB0.14
Халтаи орд. Акс аз бойгонӣ

Ироаи кумак аз Остона ба Душанбе. Дар ҳаҷми $873 ҳазор

© Sputnik / Андрей Стенин
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Соли гузашта дар маҷмӯъ ба Тоҷикистон аз 42 кишвари ҷаҳон ба маблағи умумии $45 млн. кумаки башардӯстона ворид гардид.

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Рӯзҳои наздик ироаи кӯмаки навбатии башардӯстона аз Остона ба Душанбе дар назар аст, иттилоъ медиҳад Сафорати ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон.

Ба қавли манбаъ, ин ёрии ҳамсоякишвар аз 8 вагони маҳсулоти ғизоӣ иборат буда, маблағи умумии он 873 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

"Кумак аз ҷониби намояндагони Вазорати иқтисоди миллии Қазоқистон ба Душанбе интиқол ёфта, ба ихтиёри Агентии захираҳои давлатӣ ва моддии назди ҳукумати Тоҷикистон гузошта мешавад",- қайд гардидааст дар баёния.

Моҳи марти соли 2015 ҷониби Тоҷикистон бо дархости расонидани кумак дар мавсими обхезӣ ба ҳукумати Қазоқистон муроҷиат намуд. Мактуб бо имзои нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба унвони сарвазири он кишвар Карим Масимов ирсол гардида буд.

Моҳи апрели соли 2015 ҳукумати Қазоқистон қарор "Дар бораи расонидаи кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон"-ро қабул карда, моҳи марти соли ҷорӣ муҳлати амали ин қарорро тамдид намуд. Моҳи апрел ҳукумати Қазоқистон дар бораи ҷудо кардани кумак ба Тоҷикистон "дар робита ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ" қарори нав ба тасвиб расонид.

Маврид ба тазаккур аст, ки соли 2015 дар маҷмӯъ ба Тоҷикистон аз 42 кишвар ба маблағи умумии 45 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардид, ки аз ин миқдор 4,7 млн. доллар, ё 9,5% ба саҳми Қазоқистон марбут аст. 

Мавзуъ

Чин ба Тоҷикистон ба маблағи $1,6 млн кӯмаки башардӯстона мекунад
Барчаспҳо:
маводи ғизоӣ, кумаки башардӯстона, кумак, Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон, Карим Масимов, Қоҳир Расулзода, Тоҷикистон, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ