Суғд: ошкоршавии беш аз 130 ҳолати хариду фурӯши ғайриқонунии замин

© Flickr \ EC/ECHO/H.VeitЗаминкорӣ. Акс аз бойгонӣ
Заминкорӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин давра аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилоят вобаста ба қонунгузории замин бо қарорҳои прокуророн 194 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 926 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Тайи як соли сипаришуда ва чаҳор моҳи соли равон аз ҷониби кормандони прокуратураи вилояти Суғд 134 ҳолати ғайриқонунии хариду фурўши қитъаҳои замин аз ҷониби шаҳрвандон бо роҳи қаллобӣ муайян ва ашхоси гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

"Дар ин давра 505 нафар шаҳрвандон, ки дар асоси қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо ҳамчун эҳтиёҷманд барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба рўйхат гирифта шуда буданд, бинобар воқеан эҳтиёҷманд набуданашон дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ аз рўйхати эҳтиёмандон хориҷ карда шуданд",- омадааст дар гузориши мақомоти қудратии шимоли кишвар.

Маҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қарори №483-1-и Убайдуллоев: манъи ҷудо кардани замин барои сохтмон

Сардори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилоят Амир Зайниддинзода аснои як ҷаласаи ҳукумат дар шаҳри Хуҷанд гуфт, дар ин давра дар вилоят дар маҷмўъ 8995 гектар замини корам аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд, ки аз он 5704,7 га бинобар нарасидани оби полезӣ ва 2481,5 гектар бо сабаби фаъолияти ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ аз ҷониби заминистифодабарандагон ба амал омадааст.

Қайд гардид, ки дар давраи соли 2015 ва 4 моҳи соли равон  дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳолатҳои бархилофи талаботи қонунгузории замин, қоидаю меъёрҳои шаҳрсозӣ, бинокорӣ, нақшаи генералии маҳалҳо, қоидаҳои бехатарӣ ва зиддисўхтор, ҷудо ва вобаста намудани қитъаҳои замин аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо  ҷой доштанд, ки дар натиҷа ба 253 адад чунин қарори ғайриқонунии вобаста ба замин эътироз оварда шуд.

Лентаи хабарҳо
0