04:19 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Нафақахӯр ба ҳисоби нафақа машғул аст. Акс аз бойгонӣ

Ҳаҷми идрорпулӣ ва маошу нафақа дар Тоҷикистон зиёд шуд

AP Photo/Sergey Ponomarev
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
48 0 0

Дар Тоҷикистон шурӯъ аз имрӯз ҳаҷми маоши кормандони буҷавӣ, нафақа ва идрорпулӣ зиёд карда мешавад. Дар умум барои ин амалиётҳо 1 миллиарду 323 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Шурӯъ аз 1 июли соли 2016 дар Тоҷикистон ҳаҷми маошу нафақа ва идрорпулӣ зиёд карда мешавад. Дар бораи ин қарор ҳанӯз авоили соли ҷорӣ қабул гардида буд.

Қарор дар бораи баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва кӯмакпӯлӣ аввали соли 2016 аз ҷониби президенти кишвар Эмомали Раҳмон қабул гардид.

"Ҳаҷми ҳадди ақали музди меҳнат дар Тоҷикистон аз 1 июл то 60%, нафақа-20%, идрорпӯлӣ-30 % зиёд карда мешавад",- изҳор дошт раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Паёми солона ба парлумони кишвар.

Ҳамин тавр, маоши кормандони ҳукуматӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то 15%, кормандони соҳаи маориф-20%, кормандони бахшҳои иҷтимоӣ-25% зиёд мешавад, илова кард ӯ.

Бояд қайд кард, ки дар умум барои ин амалиётҳо 1 миллиарду 323 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки бори охир музди меҳнат, нафақа ва кӯмакпулӣ дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2013 афзуда буд. Ваъдаи ҳукумат дар бораи боло бурдани он аз 1 сентябри соли 2015 бо сабаби нокифоя будани маблағи буҷаи ҳукумат иҷро нагардид.

Ҳамин тавр шурӯъ аз  имрӯз маоши ҳадди ақал аз 250 сомонии ҳозира то 400 сомонӣ (60%) меафзояд.

Тоҷикистониён дар куҷо кор мекунанд ва чӣ қадар маош мегиранд?
© Sputnik
Тоҷикистониён дар куҷо кор мекунанд ва чӣ қадар маош мегиранд?

Мавзуъ

Вазорати молия: эҳтимол дорад афзоиши маош дар кишвар ба таъхир афтад
Барчаспҳо:
идрорпулӣ, маош, болоравии нафақа, Эмомали Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ