Бо 250 ҳазор еврои Кокорин ва Мамаев дар ҶТ ва ФР чи харидан мумкин

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкЕвро. Акс аз бойгонӣ
Евро. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пули дигаронро ҳисоб кардан-наонқадар кори хуб аст. Ин ибораро аксаран сардорон ба зердастони худ мегӯянд. Вале пулҳои футболбозони рус-Кокорин ва Мамаев диққати ҳамаро ба худ ҷалб намуд.

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Футболбозони Русия шикасти худро дар чемпионати Аврупо қайд карданд. Ин хабар шабакаи интернетро ба "по хезонд".

Бозигарони мунтахаби Русия дар яке аз клубҳои шабонаи Монте-Карло 500 адад шампан харидорӣ намуданд. Нархи ҳар як шампан тақрибан 500 евраро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр дар умум футболбозони рус барои нӯшокӣ 250 ҳазор евро, (18 миллион рубли русӣ) ва ё мувофиқи қурби ҳозира 2,183 миллион сомонӣ харҷ кардаанд.

Таҳти сурди миллии Русия онҳо шампанро нӯши ҷон карданд. Ҷомеаи Русия ба ин амали ситораҳои футболи Русия вокуниш нишон дода, бархе пешниҳод доранд, то аз онҳо ҷарима ситонида шавад, дигарон бошанд дар талаби манъи идомаи бозиашон дар мунтахаби ФР ҳастанд.

Sputnik Тоҷикистон  ҳисоб кард, ки бо 250 ҳазор евро дар Тоҷикистон ва Русия чи харидорӣ кардан мумкин.

Дар Тоҷикистон

Бо дарназардошти нархи мол ва хизматрасонӣ  ва ҳамчунин манфиатҳои бунёдии сокинони кишвар Sputnik орзу кард, ки бо чунин маблағ сокинони ҷумҳурӣ чиро метавонанд харидорӣ кунанд: албатта, манзили зист, воситаи нақлиёт ва техника. Барои сокинони қишлоқҷойҳо имконияти зиёд намудани шумораи чорво, барои занон бошад имконияти зиёд намудани ҷавоҳироти қимматбаҳо.

5 хона

Хонаи сеҳуҷрагӣ дар ноҳияи марказии Душанбе тақрибан 3,2 миллион рубли русӣ (390 ҳазор сомонӣ) арзиш дорад. Футболбозони рус метавонистанд, дар ноҳияи марказии пойтахти Тоҷикистон соҳиби хона шаванд.

19 адад мошини хориҷӣ

Автомобили нави тамғаи KIA Rio-ро дар Душанбе бо маблағи  900,3 ҳазор рубли русӣ (109,7 ҳазор сомонӣ) харидорӣ кардан мумкин аст.

Рамаи гӯстандон

Бо дарназардошта он, ки як барраи хуб дар Тоҷикистон 7 ҳазор рубли русӣ (853 сомонӣ) нарх дорад, бо 250 ҳазор евро метавон соҳиби 2570 сар барра шуд.

375 телефони мобилӣ

Телефони тамғаи Samsung S7-ро дар Тоҷикистон метавон бо арзиши 48 ҳазор рубли русӣ (5,8 ҳазор сомонӣ) харидорӣ намуд. Бо 18 миллион рубли русӣ метавон ба ҳамаи хешу табор ва барои чанд соли оянда телефони мобилӣ харидорӣ кард.

9 кило тилло

Дар Тоҷикистон нархи 1 грамм тилло тақрибан 2 ҳазор рубли русӣ (243 сомонӣ) арзиш дорад. Бо чунин маблағи калон метавон соҳиби ҳафт мағозаи тиллофурушӣ шуд.

Дар Русия

4 хонаи сеҳуҷрагӣ

Ҳамин тавр як хонаи сеҳуҷрагии дорои таъмири олӣ дар шаҳри Саратоваи Русия 5 миллион рубли русӣ нарх дорад. Ё хонаҳое, ки дар соҳили дарёи Волга қарор доранд низ ҳамин қадар арзиш доранд.

4 моҳ дар курорт

Фарз мекунем, ки интихоби шумо барои истироҳат кардан ба Таиланд афтод. Як сафар барои ду нафар дар як ҳафта бо меҳмонхонаи чор ситорадор дар ҷазираи Самуи тақрибан 150 ҳазор рубли русӣ (тақрибан 15 ҳазор сомонӣ) нарх дорад. Ҳамин тавр бармеояд, ки бо 18 миллион рубли русӣ 17 ҳафта метавон дар ҷазираи Самуи истироҳат кард.

500 ҳазор батон

Бо чунин миқдор маблағ чи қадар қурси нонро метавон ба мардуми овора дод. Тақрибан 200 тонна. Нархи як батон тақрибан 36 рубли русӣ (наздики 4 сомонӣ) арзиш дорад. Барои рӯшантар фаҳмидан ин қадар нон дар се вагони қатора ҷой мегирад.

23 пайванди гурда

Бо дарназардошта он, ки як амалиёти пайванди гурда дар Маскав 780 000 рубли русӣ меистад, бо маблағи футболбозон метавон 23 амалиёти ҷароҳии гурдаро анҷом дод.

5 тарабхона дар Маскав

Дар ноҳияи метрои Шабаловская як тарабхона тақрибан 3 500 000 рубли русӣ нарх дорад. Бо 250 ҳазор эвро метавон якчанд тарбхона кушода, футболбозони мунтахаби Русияро ба он ҷо даъват намуд. Зеро чунин маконҳо ҷои дӯстдоштаи онҳо аст.

Лентаи хабарҳо
0