Баъди 40 сол аҳолии Тоҷикистон пурра бо оби тоза таъмин мешаванд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookМаросими кушодашавии сохмони хатти обгузари Боғевдара-Хоруғ. Акс аз бойгонӣ
Маросими кушодашавии сохмони хатти обгузари Боғевдара-Хоруғ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати ҷумҳурӣ ният дорад мӯҳлати сохтмони хатти обгузарҳоро кам кунад. Тамоми аҳолии Тоиҷикстон бояд баъди 40 сол бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин шаванд.

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Чуноне муовини аввали директори КВД "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" (ХМК) Равшан Туйчизода иброз дошт, барои таъмини тамоми мардуми Тоҷикистон бо оби тозаи ошомиданӣ 30-40 сол ва 2 миллиард доллар зарур аст.

Аҷибаш ин, ки коршиносони  агентӣ чанд моҳ қабл дар пешгӯиҳои ноумедкунанда доштанд. Мувофиқи маълумоти қаблӣ барои таъмини аҳолии Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ 80 сол лозим аст.

Аз 2 миллиард доллари амрикоӣ тақрибан 1,7 миллиард барои сохтмон ва таъмиру насби қубурҳои обгузар зарур аст.

Ба қавли Равшан Туйчизода, лоиҳаҳои инвеститсионӣ барои таъмини тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ аллакай омодаанд. Лоиҳаҳо ба  Кумитаи далатии сармоягузорӣ ва Вазорати рушди иқтисод равон карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки танҳо 57%-и аҳолии ҷумҳурӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин ҳастанд.

Қаблан, 27 июни соли равон маросими кушодашавии сохмони хатти обгузари Боғевдара-Хоруғ ба  масофаи 13 км баргузор гардид. Сохтмони қубури обгузар соли 2014 шурӯъ шуда  буд.

Иқтидори якрӯзаи интиқоли оби ошомидании хати мазкур 15 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад, ҳол он ки талаботи сокинони шаҳри Хоруғ ба оби ошомиданӣ дар як шабонарӯз ҳамагӣ 7,5 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Яъне хати мазкур бо назардошти зиёд гардидани аҳолии шаҳр бунёд шудааст.

Дар баробари ин Равшан Туйчизода сабаби аз 1 март то 10% боло бардоштани нархи тарофаи обро шарҳ дода қайд намуд, ки сабаби асосии он беқурбшвии пули миллӣ нисбати доллар аст.

Ҳамчунни қайд гардид, ки аксари лоиҳаҳои кишвар тавассути қарзҳои ташкилотҳои байналмиллалӣ ба роҳ монда шудаанд ва онҳоро бояд бо асъори хориҷӣ баргардонд.

Лентаи хабарҳо
0