04:03 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Дар фурӯдгоҳи Домодедово. Акс аз бойгонӣ

Вазорати меҳнат барои баргаштани оилаи тоҷик ба ватан кумак кард

POOL
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
27 0 0

Зане, ки ба пойтахти Русия бо сабаби танқисии молиявӣ ҳамроҳи духтар ва наберааш омада буд, барои баргаштан ба ватан маблағ надошт ва бо ҳамин сабаб ба ҳамватанон ва Вазорати меҳнати ҷумҳурӣ дар Русия барои кумак муроҷиат намуда буд.

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Ҳамватанон дар якҷоягӣ бо Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия ба зани тоҷик кумак карданд то ба ватан баргардад, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии мақомот.

Сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ду моҳ қабл ҳамроҳи духтар ва ду набераи хурдаш ба Маскав омада буд.

Зан бо сабаби нобино будан, маъюби пурра мебошад. Ӯ мехост дар пойтахти Маскав чашмони худро ҷарроҳӣ кунад. Ҷарроҳӣ бояд аз ҷониби ташкилотҳо ва  бунёдҳои хайриявӣ гузаронида мешуд.

Вале мутаассифона ҳамаи чиз аз рӯи нақша сурат нагирифт:  зани 53 сола дар ҳолати мушкили зиндагӣ афтод, умеди ҷарроҳии бепул барбод рафт, хешовандон бошанд барои равон кардани ӯ ба Тоҷикистон пул надоштанд.

Баъд зан ҳамроҳи оилааш ба намояндагии ҶТ дар Русия  муроҷиат кардааст.

"Муроҷиати зани тоҷик аз ҷониби  намояндагии кишвар ва сафорати ҶТ дар Русия беҷавоб намонд. Чиптаҳоро барои баргаштани ӯ ҳамроҳи фарзанд ва набераҳояш яке аз ҳамватанамон, ки дар Маскав кор мекунад, харидорӣ кард",-омадааст дар хабарнома.

Мавзуъ

Роҳбари гурӯҳи “Любэ” ба ду шаҳрванди Тоҷикистон кӯмак кард
Барчаспҳо:
ба ватан баргаштан, кумак ба ҳамватан, сафорати Тоҷикистон дар Русия, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ