22:53 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Китобхона. Акс аз бойгонӣ

Омодагии собиқ омӯзгор ба 25-солагии истиқлолияти ҶТ

© Flickr/ Holiday Gems
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
44 0 0

Собиқ омӯзгори деҳаи ба номи Миралӣ Маҳмадилиев тасмим гирифтааст, ки ба ҳамватанони худ китобхона тӯҳфа намояд. Фонди умумии китобхона 2170 китобро ташкил дода аз он 670-тоашон ба забони тоҷикӣ мебошанд.

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Соҳибкор, собиқ омӯзгор Шодмон Авазов дар вилотяти Хатлон киитобхона нав кушод, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти вазорати фарҳанги ҶТ.

Китобхонаи нави оммавӣ ба маблағи 17 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, тӯҳфаи Шодмон Авазов ба муносибати ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба аҳли ҷамоат мебошад.

"Дар деҳаи Япи ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ, собиқ омӯзгор Шодмон Авазов, ки ҳоло дар нафақа аст, китобхонаи нав сохта шуд",-омадааст дар иттлиоя.

Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 9-сентябр ҷашн гирифта мешавад. Имсол Тоҷикистон 25-умин солгарди истиқлолияти давлатиро ҷашн мегирад.

Қаблан хабар дода шуд, ки бахшида ба 25-умин солгарди истиқлолияти ҶТ  дар охирҳои моҳи август дар ноҳияи Рашт ҳунармандони оркестри эстрадии "Гулшан", ансамбли рақсии "Ҷахоноро", ва ансамбли "Садои шарқ"  баромад хоҳанд кард.

Мавзуъ

Данғара: коргоҳи дӯзандагӣ ва клубу китобхона - ба ҷои масҷид
Барчаспҳо:
истиқлолият, тӯҳфа, китобхона, Шодмон Авазов, Кӯлоб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ