Қатъ гардидани ҳаракати нақлиёт дар чорроҳаи 82-юми шаҳри Душанбе

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкТаъмири роҳ. Акс аз бойгонӣ
Таъмири роҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳаракати нақлиёт дар чорроҳаи маҳаллаи 82-юм дар робита бо оғози корҳои сохтмонӣ ду сол қатъ мегардад.

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Дар маҳаллаи 82-юми пойтахт ҳаракати нақлиёт бо қарори раиси шаҳри Душанбе қатъ гардида, танҳо 30 июли соли 2018 барқарор хоҳад шуд, хабар дода мешавад дар торномаи шаҳрдорӣ.

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар робита ба оғози корҳои сохтмонӣ дар чорсӯи сеқабата дар буриши роҳҳо дар маҳаллаи 82-уми шаҳри Душанбе, ҳаракати нақлиёт тариқи ин чорраҳа ба муддати 2 сол қатъ мешавад.

Ҳаракати нақлиёт тавассути ин чорроҳа 30 июли соли 2018 барқарор хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки 22 июли соли равон президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе бо ҷараёни оғози сохтмони эстакада шинос шуда буд.

Эстакада дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе дар давоми ду сол эстакада сохта мешавад

Чорсӯи нави сохташаванда аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дуввуми чорроҳа, роҳи давродаврие бунёд мегардад, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути чароғакҳо идора мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб купрук, ки дарозиаш 125 метрро ташкил медиҳад, мегузарад. Дар лоиҳаи мазкур сохтмони 4 роҳи зеризаминӣ барои роҳгузарон низ пешбинӣ шудааст.

Эстакада дар доираи амалишвии лоиҳаи "Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе" бунёд мегардад.

Ҳамчунин қайд мегардад, ки лоиҳаи сохтмон дар доираи ҳамкориҳои ҳукумати ҷумҳурӣ бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки Осиёии сармоягузори инфрасохторӣ амалӣ мешавад. Сохтмон аз ҷониби ширкати чинии "Синдзян-Бейсин" анҷом дода шуда, сифати онро ширкати "SAI"-и Ҳиндустон назорат мекунад.

Қаблан хабар дода шуд, ки чунин роҳҳо аввалин маротиба дар Тоҷикистон бунёд мешавад. Тибқи нақша ин роҳ дар давоми ду сол сохта ба истифода дода хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0