Дар мағозаҳои Бишкек ниёзмандонро ғизои бепул интизор аст

© Фото : Валерий ПолубабкинҶевонҳо барои ниёзмандоб бо ғизои бепул. Акс аз бойгонӣ
Ҷевонҳо барои ниёзмандоб бо ғизои бепул. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷевонҳои махсус бо маводи хӯроки ройгон дар се мағозаи шаҳрӣ ҷойгир карда шудаанд. Мардум метавонанд дар ин рафҳо ғизоеро гузоранд ва посбонон бошанд ба мардуми камбизоат ин ҷевонҳоро нишон медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Акнун зиндагӣ барои оилаҳои камбизоати пойтахти Қирғизистон осонтар шуд: дар се нуқтаи фурӯши маҳсулоти ғизоӣ дар Бишкек хӯроки ройгон гузошта мешавад, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Аъзоёни оилаҳои камбизоат ва ҳамчунин одамони бидуни ҷои зист метавонанд маводи ғизоиро тамоман бепул аз рафҳои махсуси мағозаҳо дастрас намоянд.

Мувофиқи барномаи ризокорон маводҳои хӯрокиро худи муштариёни мағозаҳо дар рафҳои махсус мегузоранд.

"Сокинони шаҳри Бишкек метавонанд дар ҷевони махсуси мағоза, нон, шир ва дигар намуди маҳсулотро гузоранд. Мақсад аз барномаи мазкур додани хӯроки бепул ба ниёзмандон ва кам кардани шумораи талабандагон дар кӯчаҳои шаҳр мебошад",-гуфт ташкилкунандаи аксияи "Кӯмак кун" Валерий Полубабкин.

Рафҳои маҳсулоти ғизоии ройгон аллакай дар се нуқтаи мағозаҳои шаҳри Бишкек амал мекунанд: дар ду мағозаи Beta Stores ва маркази савдои Berlin.

© Фото : Валерий ПолубабкинҶевони хӯрокҳои бепул барои ниёзмандон дар мағозаҳои Бишкек
Ҷевони хӯрокҳои бепул барои ниёзмандон дар мағозаҳои Бишкек - Sputnik Тоҷикистон
1/4
Ҷевони хӯрокҳои бепул барои ниёзмандон дар мағозаҳои Бишкек

2/4

3/4

4/4

"Ҳар як ниёзманд метавонад ба назди рафҳои маҳсулоти ройгон, ки муштариёни мағозаҳо мондаанд, омада маводи ғизоии даркориашро гирад. Мо бо посбонони ин мағозаҳо сӯҳбат карда, хоҳиш кардем, ки ба ин ҷевонҳои хӯрок диққати ахсус диҳанд",-шарҳ дод ризокор.

Аксия моҳи гузашта шурӯъ шуда,  маҳдудияти замонӣ надорад.

Лентаи хабарҳо
0