05:43 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Мусалмонон дар намоз

Созмони ҳамкориҳои исломӣ бо мусалмонони аврупоӣ ҳамкорӣ мекунад

© Sputnik / Игорь Лекаркин
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
17 0 0

Дар Тошканд санаҳои 18-19 октябр иҷлосияи 43-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкориҳои исломӣ баргузор гардид. Дар он қайд гардид, ки бо терроризм ва ифродгароӣ метавон танҳо якҷоя мубориза бурд

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik.Созмони ҳамкориҳои исломӣ (СҲИ)бо мусалмонони кишварҳои Аврупо фаъолона ҳамкорӣ хоҳад кард, гуфт котиби кулли созмон Иёдамин Маданӣ.

Иҷлосияи 43-умини Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкориҳои исломӣ санаҳои 18-19 дар Тошканд баргузор гардид. Чуноне ки ВКХ Ӯзбаикстон хабар медиҳад дар вохӯрии Тошканд вазирони корҳои хориҷии 26 давлат- аъзоёни ташкилот иштирок доштанд.

"Дар СҲИ гурӯҳи махсусе ташкил дода шуд, ки бо ҷомеаҳои мусалмонии Аврупо ҳамкорӣ мекунад",- гуфт котиби кулл дар маҷлис.

Ӯ қайд намуд, ки "мусулмононе, ки дар Аврупо зиндагӣ мекунанд, бояд шаҳрвандони содиқи ин кишварҳо бошанд ва ӯҳдадориҳое, ки аз тарафи қонуни кишварҳояшон пешбинӣ мешавад, бояд риоя кунанд".

Дар иҷлосия қайд гардид, ки бо тероризм ва ифродгароӣ танҳо метавон якҷоя мубориза бурд ва падидаҳои ин мушкилиро пайдо кард.

Дар иҷлосияи вазирони корҳои хориҷӣ бо шиори "Маориф ва илм- роҳ ба сӯи сулҳ ва бунёдкорӣ" 118 қарор қабул гардид. Иҷлосия соли оянда дар Ҷумҳурии Кот-д-Ивуар(кишвар дар Африкои ғарбӣ) баргузор мешавад.

Созмони ҳамкориҳои исломӣ моҳи сентябри соли 1969 бо мақсади таъмини ҳамбастагии исломӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёӣ ташкил шудааст. Ба созмон 57 кишвар дохил мешаванд.

Барчаспҳо:
ҳамкориҳо ба мусалмонон, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, мусалмонон, Аврупо, Тошканд

Мавзӯъҳои асосӣ