13:07 28 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
57 0 0

Лоиҳаи аккос Николя Виллюм аз аксҳо ва мусоҳибаҳои овозии сокинони қисмҳои гуногуни Тоҷикистон иборат мебошад. Худи Виллюм ба Помир, вилояти Хатлон ва Суғди Тоҷикистон сафар намудааст

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik.Аккос аз Фаронса Николя Виллюм (Nicolas Villaume) дар чорчӯбаи лоиҳаи "Одамон ва наботот"  дар бораи Тоҷикистон ва усулҳои маҳаллии ҳифзи гуногунии биологӣ дар минтақаъ нақл намудааст.

Лоиҳаи мултимедиавӣ соли равон дар асоси ассотсииатсяи Conversation du Monde ташкил карда шудааст, ки он соли 2004 дар Фаронса асос ёфтааст.

Виллюм, ки шахсан ба ҳама минтақаҳои Тоҷикистон ташриф овард, дар бораи водии Яғноб, кӯҳҳои баланди Помир, биёбони Мурғоб ва ҳатто дар бораи себҳои бешагии Чилдухтарон  низ нақл намудааст.

"Ҳоло дар ҷаҳон минтақаҳое камёфт гардидаанд, ки то ба онҳо тамаддун нарасида бошад-  минтақаҳое, ки дар онҳо одамон бо қавонини гузаштагони худ зиндагӣ мекунанд ва забони худ,  анъанаҳои миллӣ ва фарҳанги худро нигаҳ дошта бошанд. Яғноб бошад, яке аз чунин минтақаҳо ба ҳисоб меравад",- омадааст дар сомонаи лоиҳа.

Муаллиф қайд мекунад, ки забони яғнобӣ  яке аз забонҳои қадима ба ҳисоб рафта, ба зергурӯҳи забонҳои эронӣ дохил мешавад.

"Одамон ва наботот"  асосан аз аксҳо ва сабтҳои овозии соконони минтақаҳои гуногуни Тоҷикиситон иборат аст. Лоиҳа дар бораи сокинон ва табиати гуногуни минтақаҳои Тоҷикистон нақл мекунад. Худи  аккос ба Помир, вилояти Хатон, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи маркази кишвар сафар намудааст.

Французский фотограф создал спецпроект о Таджикистане
Аккоси фаронсавӣ дар бораи Тоҷикистон лоиҳаи махсус ташкил намуд

Ба наздикӣ Николя Виллюм дар саҳифаи Facebook хабар додааст, ки дар натиҷаи лоиҳаи мазкур китоб-албоми иборат аз 200 саҳифа бо се забон  аз нашр баромадааст. Ба китоби мазкур ҳамчунин аксҳо аз Қирғизистони ҳамсоя низ ворид гардиданд.

Николя Виллюм- гирандаи якчанд ҷоизаҳои байналмиллалӣ мебошад, ки асосан дар мавзӯъҳои тағийри иқлим ва ҳифзи фарҳанг нақл мекунад.  Тадқиқотҳои вай дар маҷаллаҳои байналмиллалии Mother Jones, The Week, Boston Globe, Grands Reportages ва National Geographic Newswatch аз чоп баромадаанд.

Барчаспҳо:
минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, лоиҳаи махсус, Аккос, Фаронса, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ