09:03 20 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
92 0 0

Санаи 31, 1 ва 2-юми январ дар Тоҷикистон рӯзҳои истироҳатӣ эълон мешаванд, хабар медиҳад Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дар арафи Соли нав шаҳрвандони Тоҷикистон се рӯз истироҳат мекунанд.

Бино ба иттилои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон санаи 31,1 ва 2-юми январ рӯзҳои истироҳатӣ эълон мешаванд.

Мувофиқи қонун "Дар бораи рӯзҳои истироҳат" 1 январ рӯзи корӣ ҳисоб намешавад.

Барои ҳамаи корхонаҳои давлатӣ  ва ташкилотҳои дохилии кишвар рӯзи корӣ 3-январ мебошад.

Қаблан хабар дода шуд, ки базмгоҳи асосии Соли нав дар пойтахт майдони "Дӯстӣ" мешавад. Ин ҷо аллакай арчаи солинавӣ оро дода шуда, шоми рӯзи 31-уми декабр бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик аз соати 19.00 то 21.00 корсерти идона баргузор мегардад.

Новогодний стол
© Sputnik
Новогодний стол
Барчаспҳо:
3-январ рӯзи корӣ, 31,1,2, се рӯзи истироҳат, Соли нав, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ