07:21 05 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
41610

Муовини аввали раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон Назокат Одиназода дар бораи низоми нави нафақа дар кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон қонуни ҷадиди нафақа рӯи кор омад, ки тибқи он ҳаҷми нафақа муайян набуда, аз собиқаи корӣ ва ҳаҷми маоши сокинони кишвар вобаста аст, гуфт Назокат Одиназода.

Ҳамин тавр  дар Тоҷикистон ҳаҷми нафақаи ҳадди ақал 156 сомониро ташкил дода, баландтарин нафақа-748 сомонӣ аст, гуфт муовини раис.

Ӯ қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир зиёдтарин нафақа дар ҷумҳурӣ 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Соли гузашта шумораи гирандагони нафақаи баланд дар кишвар нӯҳ нафарро ташкил дод, ки аз ин шумор ду нафарашон аз олам гузаштанд. Вале нафақаи онҳо ба набераҳояшон дода мешавад. Дар умум дар Тоҷикистон ба қадри 2 миллиарду 193,8 миллион сомонӣ нафақа пардохт шудаааст.

"Дар ҳоли ҳозир ҳаҷми ҳадди ақали нафақа дар кишвар 156 сомониро ташкил медиҳад, нафақаи максималӣ-748 сомонӣ аст. Минбаъд ҳаҷми нафақаи мардум аз собиқаи корӣ ва маош вобаста хоҳад буд",-изҳор дошт Одиназода.

Шумораи нафақӯрон дар соли 2016 дар қиёс бо соли 2015 то 2,8 % (642 ҳазору 927 нвфар) зиёд шуд. Аз ин шумора 144 ҳазору 622 нафари онҳо гирандаи нафақаи маъюбӣ мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки дар мобайнҳои моҳи июли соли гузашта дар пайи тасдиқ нашудани маъюбӣ зиёда аз 12 ҳазор нафар аз гирифтани нафақаи маъюбӣ маҳрум шуданд.

Ҳаҷми миёнаи нафақаи меҳнатӣ дар соли 2016-274 сомониро ташкил медод. Нафақаи суғуртавӣ-284 ва нафақаи иҷтимоӣ бошад-144 сомонӣ.

Синни нафақаи шаҳрвандони ИДМ
© Sputnik
Синни нафақаи шаҳрвандони ИДМ

Мавзуъ

Ҳаҷми идрорпулӣ ва маошу нафақа дар Тоҷикистон зиёд шуд
Дар Қирғизистон ҳаҷми нафақа зиёд мешавад
Аз 1-июл дар Тоҷикистон нафақа, маош ва идрорпӯлӣ зиёд мешавад
Дар интизори муъҷиза: маошу нафақа ва идрорпулӣ баланд нахоҳад шуд
Рустами Эмомалӣ 38 кормандашро ба нафақа фиристодааст
Барчаспҳо:
низоми нави нафақа, кор, маош, таҷриба, нафақа, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, Назокат Одиназода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ