06:22 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
45 0 0

Дар баробари кӯмаки молиявӣ сарвазири Қирғизистон фамон дод ба кӯдаконе, ки дар пайи суқути ҳавопаймо бесаробон монданд ёрӣ дода шавад

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Ҳукумати Қирғизистон барои оилаҳои қурбониёни суқути ҳавопаймо 1 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо мекунад, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба хадамоти матбуоти ҳукумати ҷумҳурӣ.

Қарори мазкур аз ҷониби нахуствазири кишвар Сооронбой Жээнбеков қабул гардид.

Рӯзи сешанбе дар тамоми қаламрави Қирғизистон рӯзи мотам эълон шуд.

Дар баробари ин, Жээнбеков фармон дод, то ба кӯдакони бесарпаноҳмонда кӯмак карда шавад. Дар ҳоли ҳозир дар минтақаи садама корҳои барқароркунии қувваи барқ идома дорад.

"Айни ҳол тақрибан  ҳамаи манзилҳо ва кӯчаҳо бо қувваи барқ таъмин ҳастанд",-хабар дода шуд, дар хадамоти матбуот.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи душанбе ҳавопаймои Boeing 747-400 дар масофаи 1,5 километрии шаҳри Бишкек суқут кард. Ҳавопаймо ба минтақаи алоҳинишини Дача-Суу чаппа шуд. Дар пайи чаппа шудани ҳавопаймо 32 манзили зисти шаҳрвандон вайрон шуданд. 37 нафар ба ҳалокат расида, аз ин шумул 16 нафарашонро кӯдакон ташкил дод. Дар ҷои ҳодиса тафтишот идома дорад.

Видео / Сатыбалды Молдобаев
Лаҳзаҳои аввалини суқути ҳавопаймо дар Қирғизистон
Барчаспҳо:
оилаҳои бесарпаноҳ, кӯдакон, суқути ҳавопаймо, қурбониён, ҳукумати Қирғизистон, Сооронбой Жээнбеков, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ