13:26 10 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.70
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
478 0 0

Актрисаи қазоқ Бибигул Аткан Суюншалина яке аз нақшҳои асосии намоишномаи театрикунонидашудаи “Мероси барбодрафта” - филм дар бораи мусулмононро мебозад, дар бораи ҷавони имрӯза ибрози андеша кард

"Боиси ифтихори ман аст, ки дар ин лоиҳаи маънавиву руҳӣ  иштирок мекунам. Хушҳолам, ки ба лоиҳаи намояндангои дигар миллатҳо низ ҷалб карда шудаанд",- гуфт вай дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи вай ҷавонони муосир пеш аз ҳама ба эътиқоди хеш аҳамият надода, ба афкорҳои дурӯғин овора мешаванд.  Қаҳрамони зан, ки дар вақтҳои мушкилӣ мехоҳад худкушӣ кунад, яке аз намунаҳои ҷавонони муосири беэътиқод ба ҳисоб меравад.

"Боиси таассуфам аст, ки ҳамсолони ман бештар нафарони беэътиқоданд. Мақсади асосии онҳо дар ҳаёт — Iphone, "лайк мондан" ва Instagram ба ҳисоб меравад.  Бо ин роҳ онҳо пеш намераванд",- ибрози андеша кард вай.

Бибигул умедвор аст, ки ба воситаи намоишнома метавонад ба ҷовони ҳозира дигар паҳлӯҳои зиндагиро нишон диҳад.

Барчаспҳо:
эътиқод, намоишнома, ҷавонон, Москва, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ