Мақоми дуюми Дилшод Назаров дар рӯйхати гурзандозони ҷаҳонӣ

Обуна шудан
Дар соли 2016 дар доираи барномаи IAAF Hammer Throw Challenge Дилшод Назаров панҷ маротиба баромад карда, 236,37 холро ба даст овард ва бо ин натиҷа дар мақоми дуюми рейтинг ҷой гирифт

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Лидери варзиши сабуки Тоҷикистон Дилшод Назаров дар асоси холҳои ба даст оварда, дар барномаи IAAF Hammer Throw Challenge дар рӯйхати ҷаҳонии гурзандозхон дуюм шуд.

Дилшод назаров дар Бозиҳои олимпии Рио-2016. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дилшод Назаров шаҳрванди ифтихории Душанбе эълон шуд

Дилшод Назаров дар Юджини Амрико дар мусобиқаи "Diamond League Meetings" иштирок намуда, гурзро ба масофаи 78,12 м ҳаво дод. Ҳамчунин дар шаҳри Острави Чехия  низ дар сабқати "55th Ostrava Golden Spike" ҳунарнамоӣ карда, натиҷаи 78,82-ро ба даст овард. Дар ҳар ду мусобиқа ҳам варзишгар соҳиби мудалҳои нуқра шуд.

Дар баробари ин Назаров дар мусобиқаи "62nd Janusz Kusocinski Memorial", ки дар Полша доир гардид, иштирок кард. Варзишгари тоқик гурзро ба масофаи 77,20 метр ҳаво дода, соҳиби нишони биринҷӣ гардид.  Дар мусобиқаи "Paavo Nurmi Games"  бошад, Дилшод Назаров бо ба даст овардани 78,87 натиҷа соҳиби медали нуқра гардид.

Баромади панҷуми Назаров, Бозиҳои тобистонаи Рио-2016 шуд, ки дар он варзишгари тоҷик натиҷаи беҳтарин нишон дода, соҳиби медали тилло ва қаҳрамони ҷаҳон оид ба гурзандозӣ шуд.

© AFP 2023 / Adrian DENNISДилшод Назаров дар Бозиҳои олимпии Рио-2016
Дильшод Назаров на Олимпийских играх-2016 в Рио-де-Жанейро - Sputnik Тоҷикистон
Дилшод Назаров дар Бозиҳои олимпии Рио-2016

Дар баробари ин Назаров дар сабқати дигар, ки дар Олмон баргузор гардид, гурзро ба масофаи 78,34 метр ҳаво дода, соҳиби медали нуқра шуд.

Ҷои аввал дар рейтинги беҳтарин гурзандозони ҷаҳонӣ, бо натиҷаи умумӣ (242.89 хол) насиби варзишгар аз Полша, Павел Файдек гардид. Мақоми сеюмро Войтсех Новитски бо (232.63 хол) ба худ ихтисос дод. Дар ҷои чорум Ашраф Элсефи (229.94 хол), аз Қатар қарор гирифта, панҷгонаи беҳтаринро Марсел Ломницкий (229.70 хол) варзишгар аз Словакия баст.

Лентаи хабарҳо
0