15:33 26 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
228 0 0

Падари сегоникҳо мехоҳад номи писаронашро Исломҷон, Абдуғанӣ ва Каримҷон гузорад

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik.Шаҳрванди Ӯзбакистон мехоҳад сегоникҳояшро бахшида ба аввалин президенти Ӯзбакистон номгузорӣ кунад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти иҷроияи вилояти Андиҷон.

Номи пасирачаҳои навтаваллудшуда- Исломҷон, Абдуғанӣ ва Каримҷон гузошта мешавад.

Гуфта мешавад, ки раиси вилоят ба наздикӣ- дар рӯзи таваллуди Ислом Каримов ин сегоникҳои машҳурро хабар гирифтааст.

Оилаи Исломҷон, Каримҷон ва Абдуғанӣ аз ҳафт фарзанд иборат будааст. Фарзандони калонии хонадон ба модари сегоникҳо барои нигоҳубинӣ кӯдакон кӯмак мекунанд.

Ин намуди номгузориро бори аввал мушоҳида намекунем. Ба наздики як нафар зодаи Тоҷикистон Раҳмон Ҷӯраев  низ номи ду набераашро ба сиёсатмадорон бахшид. Ҳамин тавр бобои ин ду кӯдак бо номи Бобои Путин ва Шойгу расонаӣ гашт.

Ғайр аз ин, Раҳмон Ҷӯраев дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки мехоҳад фарзанддор шуда, номашро Эмомалӣ гузорад ва соҳиби писар- Эмомалӣ Раҳмон шавад.

Ин амали бобои 70-сола дар шабакаҳо баҳси зиёдеро ба амал овард.

Бархеҳо ин иқдоми ӯро зиди фарҳанги миллӣ хонда, баъзеҳо кори шахсии худаш гуфтанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта тамоми Ӯзбакистон бо тантана мавлуди аввалин президенти кишварро ҷашн гирифт.

Барчаспҳо:
номгузорӣ, тифли навзод, Ислом Каримов, Ӯзбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ