Ба тӯйи духтарам меравам: мусофири хатсайри Душанбе-Тошканд

© Sputnik / Амир ИсаевФурӯдгоҳи Душанбе. акс аз бойгонӣ
Фурӯдгоҳи Душанбе. акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёқубхон Абдусаломова тавассути хатсайри озмоишии аввалини Душанбе-Тошканд ба тӯйи духтараш парвоз мекунад

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Имрӯз тариқи хатсайри озмоишиӣ дар баробари роҳбарияти ширкати ҳавопаймоӣ ба, ҳамчунин  20 мусофири дигар низ парвоз мекунад, хабар медищад РИА Новости.

Дар байни мусофирон шаҳрвандони ҳар ду кишвар ҳам ҳастанд.

Ҳавопаймои Смомон Эйр. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
25 соли интизорӣ: парвози хатсайри аввалин аз Душанбе ба Тошканд

Ёқубхон Абдусаломова тавассути хатсайри озмоишии аввалин Душанбе-Тошканд ба тӯйи духтараш парвоз мекунад.

Ба қавли ӯ қаблан тариқи роҳи мошингард дар муддати 10-12 соат мусофирон аз Тоҷикистон ба Узбакистон сафар мекарданд.

Ёдовар мешавем, ки ифтитоҳи парвози расмии Душанбе-Тошканд санаи 20-уми феврали соли равон оғоз мешавад.

Мусофирон метавонанд дар муддати 45 дақиқа ба Тошканд расанд.

Қаблан хабар дода шуд, ки роҳбари ширкати "Сомон Эйр" Томас Халам барқароршавии хатсайрҳои мустақимро байни Тоҷикистону Узбакистон хиради волои роҳбарони ду кишвар хонд.

Ширкати "Сомон Эйр" дар бораи оғози фурӯши чиптаҳо хабар дод. Ҳамин тавр нархи як чипта аз Душанбе то Тошканд 1164 сомонӣ миеистад.

Лентаи хабарҳо
0