07:43 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
72851

Рӯзи сешанбе ба хайр! 14-уми феврал дар аксари кишварҳои дунё чун “Рӯзи ошиқон” ҷашн гирифта мешавад. Намояндагони кишварҳои мусулмон, бархе “Рӯзи ошиқон”-ро қабул доранду, қисми дигар онро аз фарҳанги бегона мешуморанд

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Хабарнигори Sputnik Қирғизистон одамонро дар ин рӯз ба се қисм ҷудо кардааст: нафароне, ки идро бо самимияти хоса ҷашн мегиранду, аз шодӣ дар кӯчаҳои шаҳр бо дастаи гул ва валентинка чун парвона парвоз мекунанд, онҳое, ки ҳатто аз "Рӯзи ошиқон" будани 14-уми феврал бо сабаби кори зиёд, пай намебаранд ва онҳое, ки бо ҳарфҳои калон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз омад омади баҳор хабар медиҳад.

Зур мебуд, агар ҳамаи нафарони ҳамфикр имрӯз вохӯрда, шомро бо ҳам мегузарониданд. Вале акнун якчанд ҷойҳои эҳтимолӣ барои шинос шудан бо ҳамсари оянда.

Яхбандӣ. Афтидан дар рӯи ях баҳонаи хубе барои шинос шудан хоҳад буд, вале бояд дар ёд дошт, ки афтидан бояд моҳирона ва бо санъати баланд иҷро шавад. Муҳимаш саратонро ҳифз намоед.

Воситаи нақлиёт. Нақлиёти ҷамъиятӣ барои шинос шудан бо ҳамсари оянда макони хубе хоҳад буд. Кӯшиш кунед, вохӯрии панҷдақиқаинаи воситаи нақлиётиро то вохӯрӣ дар тарабхона идома диҳед.

Молодожены, архивное фото
© Flickr / Aaron Alexander
Навхонадорон

Кафе. Ғизо метавонад шуморо бо ҳамсари оянда ба ҳам орад. Чӣ мешавад, агар шумо барои нафари ба дилатон наздик ягон ширинӣ фармоиш диҳед. Вале агар маблағ набошад, пас метавонед аз сачоқ гул сохта ба дӯстдухтаратон тӯҳфа кунед.

Мағоза. Аз ҷиҳати шумораи ташриф мағоза яке аз ҷойҳои серодамтарин ба шумор меравад. Эҳтимол аст, ки дар ин ҷо шумо рӯ ба рӯ бо ҳамсари ояндаи худ вохӯред. Агар духтар  ба шумо назар накунад, пас метавонед каме ӯро тела дода ва пасон худ аз афтидан муҳофизат намоед… Вале муҳимаш муҳофизат кунед!

Интернет. Дар шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ аз ҳама зуд барқарор кардани муносибатҳо даст медиҳад. Марҳамат шинос шавед.

Свадебные кольца на автомобиле
© Sputnik / Всеволод Тарасевич
Рамзи тӯй

Мавзуъ

“Қиссаи ишқи пок”: намоиши “Мушкилкушо” тамошобинони Маскавро ба ваҷд овард
Барчаспҳо:
14-уми феврал, "Рӯзи ошиқон", Ҷаҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ