16:55 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Ҷашнвораи Қуръон дар Маскав

Ҷашнвораи Қуръон ва намоиши мӯи мубораки Ҳазрати Муҳаммад (с) дар Маскав

RIA Novosti. Владимир Песня
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
16531

Дирӯз дар Масҷиди ҷомеъи Маскав ҷашнвораи "Қуръони карим" баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Ҷашнвораи "Қуръони карим" яке аз рӯйдодҳои муҳим дар зиндагии мусуломнони Русия ба шумор меравад.

Бино ба иттилоъи хабарнигори Sputnik Узбакистон, яке аз ҳадафҳои аслии баргузории ин ҷашнвора муаррифии фарҳанг ва рамсу русуми мусулмонон ба намояндагони дигар дину ойинҳо эълом шудааст.

Ҷашнвораи Қуръон дар Масҷиди ҷомеъи Маскав
РИА Новости/Владимир Песня
Ҷашнвораи Қуръон дар Масҷиди ҷомеъи Маскав

Меҳмонони ҷашнвора аз барномаҳои он бо бузургону номдорони ҷаҳони ислом ошно шаванд ва аз қироъати "Қуръони карим" баҳра бигиранд ва дар бораи торихи густариши Ислом дар сарзамини Русия донистаниҳое ба даст оранд.

Дар чорчӯби ин ҷашнвора мусобиқаи қориёни "Қуръони маҷид" низ баргузор шуд ки дар он қориёни хурдсолу навҷавон (аз 3 то 14-сола) дар ҳифзу тиловат ҳунарнамоӣ карданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз барои мусулмонон торе аз мӯи мубораки ҳазрати Паёмбар (с), ки яке аз муҳимтарин муқаддасоти мусулмонон аст, намоиш дода шуд.

Афзун бар ин, дар маҳдудае ба паҳнои 3 ҳазор метри мураббаъ дар Масҷиди ҷомеъ намоишгоҳи қуръонии хаттотӣ ва хушнависӣ ва бозори хайрия баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи ҷашнвораи Қуръон имом-хатиби Масҷиди ҷомеъи Маскав Шамил Аллоуддинов ширкат кард. Вай дар суханронии худ шеъре аз Александр Пушкин дар васфи Қуръонро хонд.

Мавзуъ

Дар Масҷиди ҷомеъи Маскав ҷашнвораи Қуръон баргузор мешавад
Барчаспҳо:
Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ