Назарбоев дар бораи риш, ҳиҷоб ва шалвор: “қонунан мамнуъ шаванд”

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкНурсултон Назарбоев, акс аз бойгонӣ
Нурсултон Назарбоев, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур Нурсултон Назарбоев дар мулоқот бо раҳбарони Идораи динии мусулмонони Қазоқистон бар нақши дин дар зиндагии ҷомеъа таъкид кард ва хостори танзими умури динӣ дар кишвар шуд

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев хостори манъи қонунии пӯшоки равияҳои динии ғайри суннатӣ шуд.

Ба гузориши дафтари матбуъотии раисҷумҳури Қазоқистон, вай дар мулоқот бо раҳбарони Идораи динии мусулмонии Қазақистон бар нақши дин дар зиндагии ҷомеъа таъкид кард ва хостори танзими умури динӣ дар кишвар шуд.

"Давлат ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса дорад. Вазорати махсусе ташкил дода шудааст, ки  ин масъаларо мутолеъаву таҳлил мекунад ва дар ин замина ёриву раҳнамоӣ хоҳад кард", — гуфт вай.

Ҳамчунин раисҷумҳури Қазоқистон бар зарурати мубориза бо омӯзаҳои дании тахрибкор ва пайомадҳои ҷаҳолату таъассуботи насли ҷавон низ таъкид кард.

"Ҷавонони мо аз камбуди дониш ришашонро дароз мекунанду шалворҳояшонро кӯтоҳ. Теъдоди қазоқдухтароне, ки саропо сиёҳ мепӯшанд, низ бештар шудааст. Ин гуна ришу пӯшиш бо суннатҳои мардуми мо созгор нест ва бояд қонунан мамнуъ карда шавад.  Қазоқҳо либоси сиёҳро танҳо дар мотам мепӯшиданд", — таъкид кард раисҷумҳури Қазоқистон.

Вай ҳамчунин гуфт, ки либоси сиёҳ ва дин ҳеч пайванде надорад.

"Мусулмони воқеъиро на аз либосаш, балки аз имону эътиқод мешиносанд. Агар инсон дар қалбаш ишқу муҳаббат дошта бошад, пас дину имон ҳам дорад", — афзуд вай.

 

Ёдовар мешавем, ки чанд сол пеш Шурои уламои Тоҷикистон бо супориши Кумитаи дин дарозии риши мардонро, ки ба гузоштани он иҷозат дода мешавад, муайян кард. Бино бар ин қоида, ки дар соли 2012 муқаррар шуда буд, мардҳо метавонанд ришашонро ба андозаи мушташон дароз кунанд.

Пеш аз ин ҳам дар соли 2009 Вазорати маориф ба омӯзгорон то 3 сантиметр риш монданро иҷоза медоду халос, аммо дар ин ҳол ҳам муаллимони синну солашон то 50 сола умуман иҷоза надоштанд, ки риш монанд.

"Шикори риш" дар кишвар охирҳои соли 2010 сар шуд. Касе расман дар бораи он, ки чаро риш  манъ карда шудааст, тавзеҳе надодааст.

Чуноне ки пештар раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода гуфта буд, дар ҳеч кишвари ҷаҳон озодии мутлақи дин вуҷуд надорад. Ҳамаи кишварҳо бо мақсади таъмини сулҳ дар кишвар амалҳои шаҳрвандони худро ба танзим медароранд. Ин маънои онро надорад, ки нисбати ягон гурӯҳи алоҳидаи ҷамъият бадгумонӣ дида мешавад, баръакс манфиатҳои ҳамаи шаҳрвандонро дарбар мегирад, қайд карда буд ӯ.

Лентаи хабарҳо
0