18:25 14 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Пешвози шоҳдухт Заҳро оқохон дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ

Шоҳдухт Заҳро Оқохон аз Ишкошим, Рӯшон ва Роштқалъа боздид кард

© Фото: Аз саҳифаи Нилуфар Асламшоева дар фейсбук
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Боздиди шоҳдухт Заҳро Оқохон аз Тоҷикистон (5)
1691152

Шоҳдухт Заҳро Оқохон дар чорчӯби сафари худ ба вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ноҳияҳои Ишкошим, Роштқалъа ва Рӯшон боздид кард

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Шоҳдухт Заҳро Оқохон дирӯз аз ноҳияи Ишкошим дидан карда, бо диданиҳои гардишгарии водии Вахон ва мавзеъҳои торихии он ошно шуд.

Дар ин бора Диловар Буттабеков — консули Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар Бадахшон дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Ӯ афзуд, ки Шабакаи тавсеъаи Оқохон барои баҳрабардорӣ аз имконоти гардишгарии ноҳияи Ишкошим, ки аз ҷумла дижҳои торихӣ, осоишгоҳи Гармчашма ва чашмаи Бибӣ Фотимаи Заҳроро дар бар мегирад, тарҳҳои ҷудогонае омода карда, ки ҳамин рӯзҳо барои таъйид пешниҳод хоҳанд шуд.

Шоҳдухт Заҳро Оқохон пас аз боздид аз мавзеъҳои торихии ноҳияи Ишкошим ба ноҳияҳои Роштқалъа ва Рӯшон сафар кард.

Дар деҳаи Хидорҷеви ноҳияи Роштқалъа шоҳдухт бо занони соҳибкор дидор ва мулоқот кард. Дар ин ҷо коргоҳи обмева фаъолият мекунад, ки аз хушкбор ё меваҳои хушккарда обмеваву мураббо ва дигар шириниҳо тавлид мекунад.

Ҳамчунин дар ноҳияи Роштқалъа шоҳдухт Заҳро Оқохон бо тарҳи Маркази рушди кӯдакон ошно шуд, ки бо сармоягузории муштараки Шабакаи тавсеъаи Оқохон ва сокинони деҳа бунёд шудаву фаъолият мекунад.

Дар деҳаи Ғудараи ноҳияи Рӯшон шоҳдухт Заҳро Оқохон дар маросими роҳандозии тарҳҳои барқрасонӣ ва обрасонӣ ширкат кард. Ҳамчунин дар ин русто вай бо хонаводаҳое дидор кард, ки манзилашонро сел хароб карда буд.

Диловар Буттабеков ҳамчунин иттилоъ дод, ки барои хонаводаҳои бесарпаноҳмонда 38 манзили нав сохта шуда, ки Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар сохтусозашон ҳамкорӣ доштааст.

Қарор аст, ки дар идомаи сафар шоҳдухт Заҳро Оқохон аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ, ки ҳамин сол моҳи сентябр ифтитоҳ хоҳад шуд, дидан кунад.

Шоҳдухт Заҳро Оқохон мудири Бахши рифоҳи иҷтимоъӣ дар Дабирхонаи шоҳзода Карим Оқохон ва ҳамчунин масъули ниҳодҳои тавсеъаи иҷтимоъӣ дар Шабакаи тавсеъаи Оқохон аст ки созмонҳои омӯзишӣ, беҳдошту дармон, барномарезӣ ва сохтусозро дар бар мегирад.

Мавзуҳо:
Боздиди шоҳдухт Заҳро Оқохон аз Тоҷикистон (5)
Барчаспҳо:
боздид аз ВМКБ, Шоҳдухт Заҳро Оқохон, Роштқалъа, Ишкошим, Рӯшон, ВМКБ

Мавзӯъҳои асосӣ