14:48 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Поксозии рӯдборҳо дар Хоруғ. 30.04.2017

Довталабон рӯдборҳои Хоруғро аз партовҳо пок карданд

© Фото: Қурбон Аламшоев
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
20720

Донишомӯзони мактабҳо ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ дар иқдоме довталабона канораҳои рӯдҳои Ғунд, Шохдара ва Панҷро аз партовҳо пок карданд

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Ин иқдом, ки "Соҳили тоза" унвон шуда, бо ибтикори шахсии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мулкамон Назаралиев баргузор шуд.

Чуноне ки хабарнигор ва номзадии улуми торих устод Қурбон Аламшоев гузориш додааст, ҳадафи аслӣ аз ин иқдом пок кардани соҳилҳои рӯдҳои Ғунд, Шоҳдара ва Панҷ аз ахлоту партов буд. Дар натиҷа камубеш даҳ килуметр аз рӯдборҳо рӯбучин шуда, ҳудуди панҷ тон ошғол ҷамъоварӣ шудааст. 

Вай бо интишори аксҳое аз ин иқдом дар гурӯҳи фейсбукии "PAMIR MOUNTAINS TJ", бо таассуф гуфтааст, канораҳои ин рӯдҳо "имрӯза тақрибан ба партовгоҳҳо табдил ёфтаанд ва тавасссути иқдоми якрӯза наметавон ин соҳилҳоро комилан поккорӣ намуд". 

Мулкамон Назаралиев гуфта, ки иқлдоми "Соҳили тоза" боз такрор хоҳад шуд. Вале вай аз сокинони шаҳр даъват кард то дар поку бонизофат нигоҳ доштани рӯдборҳо худ саҳмгузор бошанд ва дигаронро низ нагузоранд рӯдборҳоро олуда кунанд.

Мавзуъ

Роҳи Хоруғ - Ишкошим бо ёрии соҳибкорони маҳаллӣ кушода шуд
Барчаспҳо:
рӯдбор, муҳитзист, рӯдборрӯбӣ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Муламон Назаралиев, Қурбон Аламшоев, Хоруғ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ