Оғози сохтусози Бемористони Оқохон дар Хоруғ

© Фото : Нилуфар АсламшоеваНачало строения болницы Ага -Хана в городе Харог
Начало строения болницы Ага -Хана в городе Харог - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, 25 май хишти аввали Бемористони Оқохон аз ҷониби раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ва намояндаи доими Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар Точикистон Акбаралӣ Писнонӣ дар шаҳри Хоруғ гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева дар маҳаллаи Бар-Хоруғ маросими гузоштани хишти аввали Бемористони Оқохон гузаронида шуд.

Муҳандиси сохтмон Сулаймон Сулаймонов хабар дод,  ки дар навбати аввал сохтмони дармонгоҳ сохта мешавад, ки он барои расондани хадамоти пизишкӣ 48 кат хоҳад дошт.

Aga Khan Khorog Medical Centre - Sputnik Тоҷикистон
Бемористони Оқохон дар шаҳри Хоруғ сохта мешавад

Сипас, дар давоми 3 — 4 соли оянда шумораи катҳо ба 254 то расонда хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, ки Бемористони Оқохон дар шаҳри Хоруғ дар баробари бошандагони ВМКБ ба марзнишинони Бадахшони Афғонистон низ хадамоти пизишкӣ хоҳад расонд.

© Фото : Нилуфар АсламшоеваНачало строения болницы Ага -Хана в городе Харог
Начало строения болницы Ага -Хана в городе Харог - Sputnik Тоҷикистон
Начало строения болницы Ага -Хана в городе Харог

Акбаралӣ Писнонӣ аз ёриву дастгириҳои давлати Тоҷикистон хушнудӣ кард ва барои рушди бештари ҳамкориҳо изҳори омодагӣ намуд.

Сохтусози Бемористони Оқохонро ширкати "Турас" бар уҳда дорад.

Раиси вилоят таъкид кард, ки нахуст ҷавонони шаҳри Хоруғро бояд ба корҳои сохтмонӣ ҷалб кард.

Лентаи хабарҳо
0