10:59 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Наҷҷот додан. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикон наҷот доданро дар Русия ёд хоҳанд гирифт

© Sputnik / Александр Викулов
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
66 0 0

Як гурӯҳ кормандони Кумитаи наҷотдиҳии Тоҷикистон аз Академияи Русия дидан карда, бо масуълини ин даргоҳ таҳсили донишомӯзони тоҷикро дар ин мактаби олӣ муҳокима карданд

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Кумитаи наҷотдиҳӣ намояндагони ин созмон дар ҷараёни сафарашон ба Русия бо масъулини Академияи ҳимояи ин кишвар дидор карда, масъалаи такмили ихтисоси афсарони Кумита ва дохил шудани нахустин донишҷӯёни тоҷикро ба ин донишгоҳ баррасӣ карданд.

Ҳайъати Кумита дар чорчӯби ширкаташ дар даҳумин нишасти "Комплексная безопасность-2017", ки дар шаҳри Ногини Русия баргузор шуд, як силсила вохӯриву мулоқотҳо доир намуд.

Намояндагони Тоҷикистонро муовини раиси Кумита, полковник Салимзода роҳбарӣ кард.

Ҳайъати Тоҷикистон бо роҳбарони Академия ва донишомӯзони Кумита мулоқот карданд.

Ҳамин тавр ҷонибҳо масъалаи такмили ихтисоси афсарон ва дохилшавии аввалин донишомӯзони тоҷикро ба ин даргоҳ ҳаллу фасл намуданд.

Намояндагони Тоҷикистон бо шароити утоқҳои дарсӣ, варзишкада, хобгоҳ ва бинои таълимии Академия шинос шуданд.

Мавзуъ

Кормандони КҲФ ронанда ва мусофири "Volvo"-ро аз марг наҷот доданд
Тоҷири қирғиз духтари тоҷикро наҷот дод
Милисаи тоҷик мардумро наҷот доду худ ҳалок шуд
Барчаспҳо:
наҷотдиҳӣ, омӯзиш, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ