23:40 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Комроншоҳ Устопириён

Комроншоҳ Устопириён: аз паҳлавон паҳлавон мерӯяд

© Фото: Страница Комроншоха Устопириён в Facebook
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
17531

Паҳлавони номдор Комроншоҳ Устопириён дирӯз ба дастоварди дигаре низ ноил гардид - варзишкор нахустин бор падар шуд

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Ҷавонпаҳлавон Комроншоҳ Устопириён имрӯз дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон таъйид кард, ки дирӯз нахустфарзандаш дида ба ҷаҳон кушудааст.

"Писарамро ба ёди бобокалонамон Муҳаммад номидам, ки куштигириву паҳлавонӣ дар хонаводаи мо аз ӯ мерос мондааст. Фарзандонаш аз паси вай ин варзишро ихтиёр кардаанд", — гуфт Комроншоҳ.

"Мо ба ин нияти нек, ки фарзанди навзодам чун падару бобоям паҳлавон шавад, ӯро Муҳаммад номидем", — афзуд вай.

Варзишкор орзу дорад, ки писараш низ худаш барин варзишкориро пеша кунад.

Комроншоҳ мегӯяд чунон ҳаяҷонзадаву шод аст, ки қадду вазни навзодро то кунун напурсидааст.

"Аммо мехоҳам бар ин нукта таъкид кунам, ки аз паҳлавон паҳлавон мерӯяд", — гуфт бо ханда Комроншоҳ Устопириён.
Ин рухдоди хуҷастаро ба Комроншоҳ сидқан табрик мегӯем ва орзумандем, ки Муҳаммад Устопириён низ чун падару бобову ниёконаш паҳлавону номбардори хонаводаву миллату кишвар шавад.

Барчаспҳо:
паҳлавон, фарзанд, Комроншоҳ Устопириён, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ