19:31 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Маъюб. Акс аз богйонӣ

Раиси вилояти Суғд ба ҷавонони маъюб 100 ҳазор сомонӣ ҳадя кард

© Sputnik / Александр Уткин
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
41 0 0

Раиси вилояти Суғд ба муносибати рӯзи маъюбон, ки ҳамасола санаи 8 июл таҷлил мешавад ба ҷавонони маъюб 100 ҳазор сомонӣ тӯҳфа кардааст

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии мақомоти вилояти Суғд, ба муносибати  Рӯзи маъюбон, дар шаҳру ноҳияҳои ин вилоят чорабиниҳои идона доир гардида, қишри ниёзманди ҷомеа ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта шудааст.

Манбаъ мегӯяд, ки бо иқдоми Раиси вилояти Суғд 100 нафар маъюбони то синни 18 сола ва 100 нафар маъюбони аз 18-25 сола аёдат шуда, ба ҳар яке аз онҳо ба миқдори 500 сомонӣ ва дар маҷмӯъ 100 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ тақдим гардидааст.

Ҳамчунин бо ташаббуси роҳбарияти вилояти Суғд дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз аҳволи 350 нафар маъюбон бохабар шуда, ба онҳо дар маҷмӯъ 35 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дода шудааст.

Ба иттилои манбаъ дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд дар арафаи Рӯзи маъюбон ба як қатор муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба миқдори 12 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти гуногун харидорӣ ва дастрас карда шуд.

Мавзуъ

Шабакаҳои иҷтимоӣ дар Русия барои маъюбон
Суғд: дар Хуҷанд барои маъюбон аробача месозанд
Барчаспҳо:
100 ҳазор сомонӣ, кӯмак ба маъюбон, вилояти Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ