Шаҳрдории Душанбе ва Бонки ҷаҳонӣ сокинони пойтахтро "сероб" мекунанд

Обуна шудан
Шаҳрдори Душанбе дар дидор бо намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон масъалаи таъмини аҳолии пойтахт бо оби нӯшиданиро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ бо намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Питер Олтерс имрӯз дидор ва гуфтугӯ кард.

Бино ба иттилоъи равобити умумии шаҳрдорӣ, дар ин дидор вазъияти кунунӣ ва чашмандози ҳамкориҳои ҳукумати шаҳри Душанбе бо Бонки ҷаҳонӣ дар чорчӯби тарҳи дувуми обрасонии шаҳр — DWSP2 баррасӣ шудааст.

Мавзуъи аслии гуфтугӯи Рустам Эмомалӣ ва Ян Питер Олтерс таъмини аҳолии пойтахт бо оби нӯшидании дорои кайфияти муносиб ва беҳбуди хидматрасонӣ дар бозёбии фозилоб будааст. Дар ин замина тарафҳо барои тарҳрезии барномаҳои нави ҳамкорӣ ба мувофиқа расидаанд.

Лентаи хабарҳо
0