08:37 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
66 0 0

Муовини мудири “Тоҷиксуғурта” Абдулло Абдуллоев мегӯяд, аз ин пас ба аҳолии минтақаҳои осебдида аз балоҳои табиъӣ, ки биманома надоранд, ҷубронпулӣ пардохт нахоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи расонаҳои тоҷикӣ ин нуктаро Абдулло Абдуллоев имрӯз, 7 август дар нишасти хабарӣ гуфтааст.

"Қаблан бо дастури раисҷумҳур мо новобаста аз доштани биманома, ба осбедидагон аз балоҳои табиъӣ ноҳияҳои Шуғнон, Рӯдакӣ, Тоҷикобод ва шаҳри Кӯлоб маблағ пардохт карда будем. Аммо ин маблағ баъди ба тасвиб расидани қонуни нав дар бораи суғурта дигар пардохт нахоҳад шуд", — гуфтааст Абдуллоев.

Муъовини мудири "Тоҷиксуғурта" таъкид кард, ки аз ҳукумати ҷумҳурӣ низ дастур гирифтаанд, ки мувофиқи қонунгузорӣ аз ин пас ҷуброни хисорот ба касоне пардохт шавад, ки биманома доранд.

"Надошта бошад, дигар он супоришҳое, ки солҳои пешин шуд, ҳукумат ҳам намедиҳад. Барои он ки агар мо инхел кардан гирем мардум дигар суғурта намекунад. Худи қонунгузорӣ ҳам гуфтааст, ки агар шартнома набошад мо ҳуқуқи пардохт кардан надорем", — гуфтааст Абдуллоев.

Ба гуфтаи Абдуллоев, дар пайи як санҷиш муайян карданд, ки қисме аз хонаҳои осебдида аз балоҳои табиъӣ худсарона дар минтақои балохез бунёд шудаанд: “Кумитаи авзоъи изтирорӣ низ дар бораи ҷойҳои хатарнок огоҳ мекунад, ки хона насозед, аммо ба ин нигоҳ накарда дар ҳамон ҷойҳои хавфнок хона месозанд ва мо ба он хонаҳое, ки дар чунин минтақаҳо бунёд гаштаанд, қарордод намебандем”.

Дар мавриди онҳое, ки биманома доранд, Абдуллоев гуфт, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 5878 шахсони хуқуқию воқеъӣ, ки молу амвол ва ҳаёту саломатиашон осеб дидаанд, ба маблағи 5 милюну 176 ҳазор сомонӣ бима пардохт кардаанд.

Мавзуъ

Бонкҳои кишварҳои БРИКС бо $100 млрд худро суғурта карданд
Барчаспҳо:
ба оилаҳои зарардида, кӯмакпӯлӣ, "Тоҷиксуғурта", Абдулло Абдуллоев, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ