Диловар Вализода: Чаро дар Тоҷикистон ба ҷои салла калларо мебаранд?

© Фото : FacebookДиловар Вализода, архивное фото
Диловар Вализода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Диловар Вализода, яке аз корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоъӣ, чанде пеш дар Фейсбук бо интишори матлабе аз бархӯрди кормандони Кумитаи умури диниву танзими ҷашну маросим бо мардум интиқод кардаву гуфтааст "онҳо ба ҷои салла калла мебаранд"

Диловар Вализода мегӯяд, чанде пеш Телевизиюни Тоҷикистон дар барномае дар бораи нақзи Қонуни танзими ҷашну маросим гузориш дода, ки дар он ба иллати номаълум филмеро, ки вай дар сафҳааш дар Ютуб дар бораи хатнасури писаронаш гузошта будааст, бе ягон иҷозат истифода бурдааст.

Ба гуфтаи Диловар, ин маъракае, ки дар телевизиюн намоиш додаанд, ду сол пеш аз ин бо риояти ҳама муқаррароти қонун баргузор шудаву ва пас аз он касе аз кормандони ҷамоъати деҳоти Пӯлодон вайро эроде нагирифтааст.

Аммо бо гузашти ду сол аз он маросим, пас аз намоиши барномаи Телевизиони Тоҷикистон, кормандони ҷамоъат ё бахши кумитаи дин Диловар Вализодаро ҷӯё шудаву хонаашон мераванд. Чун вай солҳо боз дар Русия зиндагӣ дорад, хонаводааш аз ин пурсуҷӯи кормандони давлатӣ нигарону пурсон мешаванд, ки чаро ӯро меҷӯянд. Дар посух онҳо ҷашнеро, ки ду сол пеш баргузор шуда, ёдовар мешаванд.

Диловар Вализода мегӯяд: "Ман аслан аз ин иқдоми кормандони Бахши кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар шаҳри Конибодом ва раиси бахш Бобошукуров Ҳасанбой, раиси ҷамоъати Пӯлодон Набиҷон Шербоев, бисёр шигифтзада шудам, ки чаро мавзуъро дуруст пайгирӣ накардаву надониста, ки асли гап дар куҷост, аз бом тароша афтидагӣ барин, ба назди модарам рафтаанд ва зани пирсолро бо пурсидани он, ки писараш дар куҷост, гӯё ки ман ҷинояткор бошам, тарсонидаанд".

Диловар меафзояд, ман аз кормандони Шабакаи аввал, аз кормандони ҷамоъат ва раиси ҷамоъат мепурсам, ки ба чи далеле навореро, ки ду сол пеш сабту пахш шуда, дастак кардаанду ба сари модари пирам омадаанд? Чаро дуруст нигоҳ накардаанд, ки дар он навор торихи сабташ соли 2015 нишон дода шудааст?

"Ман фикр мекунам, кормандони бахши кумитаи дин ва ҷамоъат барои коғазпуркуниву вонамудсозии ҷӯшу хурӯш дар анҷоми вазифа ин корро кардаанд. Чуноне ки мегӯянд, ба ҷойи салларо бурдан калларо мебаранд", — гила мекунад Диловар.

Барои муайян кардани қазияи мазкур, бо раиси ҷамоати Пулодони шаҳри Конибодом Набиҷон Шербоев ҳамсӯҳбат шудем. Раиси ҷамоат дар посух ба суоли мо гуфт, ин воқеа бо иқдоми вай сурат нагирифтааст ва касеро ба хонаи шаҳрванд Диловар Вализода равон накардааст.

"Ман соли аввал нест, ки ҳамчун раиси ҷамоат фаъолият мебарам. Пас аз ду сол, мантиқан ба хонаи касе кормандони ҷамоатро равон карда наметавонистам",- гуфт вай.

Ба Sputnik Тоҷикистон даст надод, ки бо мудири Бахши умури динӣ ва танзими ҷашну маросим дар шаҳри Конибодом Ҳасанбой Бобошукоров суҳбат кунад. Пас суоле дар ин миён бе ҷавоб мемонад. То кай масъулини давлат барои иҷрои қонуне бар мардум фишор меоранд? Ба қавли Саъдии Шерозӣ:

Агар зи боғи раият малик хӯрад себе,

Бароваранд ғуломони ӯ дарахт аз бех.

Зи панҷ байза, ки султон ситам раво дорад,

Зананд лашкариёнаш ҳазор мурғ ба сих.

Лентаи хабарҳо
0