19:02 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Праздник Курбан-Байрам в Московской Соборной мечети. Архивное фото

Мусулмонони Маскав иди Қурбонро дар Масҷиди ҷомеъ ҷашн гирифтанд

© Sputnik / Владимир Астапкович
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
77 0 0

Муъминон аз бомдод шитоб доштанд, ки барои адои намоз ва шунидани мавъизаи раиси Шурои муфтиҳои Русия ҷой гиранд

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Мусулмонон аз бомдод дар гирди Масҷиди ҷомеъи Маскав ҷамъ омада буданд. Аксари мардум пеш аз оғози намоз ҳозир шуданд ва интизори сар шудани намози ид гаштанд.

Аз соати 4 бомдод намозгузорон дар намозгоҳ ҷой мегирифтанд, ки баъд  чанде ҳама ҷо пур аз мардум шуд. Барои намозгузорон раиси Шурои муфтиҳои Русия Равил Айнуддин мавъиза хонду сипас намози ид хонда шуд.

Барои риояи тартибот дар рӯзи ид кормандони пулис дар метро ва кӯчаҳо меистоданд. Ҳамчунин имрӯз чанде аз кӯчаҳо баста шуданд.

Дар намози ид дар Масҷиди ҷомеъ камобеш 300 ҳазор кас ширкат кард.

Барчаспҳо:
намоз, ид, мусалмонон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ