20:52 20 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
84 0 0

Бархе аз мардуми шаҳри Душанбе мегӯянд, имсол пойтахт ҳолу ҳавои идона надошт

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Имсол иди Қурбон бо Рӯзи дониш ҳамзамон фаро расид ва Вазорати маорифу илми Тоҷикистон қарор дод, ки соли нави хонишро ҳамин рӯз оғоз кунад, на дертар, чунон ки бархе интизор доштанд.

Ин қарорро имом-хатибҳои масҷидҳои Тоҷикистон низ маъқул донистанд ва аз шаҳрвандон хостанд фарзандонашонро 1 сентябр ба дабиристонҳо бибаранд.

Вале оғози соли нави хониш ҳам ҳолу ҳавои идона надошт. Дар бархе аз дабиристонҳои пойтахт маросими оғози соли нави таҳсилро баргузор накарда ва бедиранг дарсҳоро шуруъ кардаанд.

"Дар мактаби мо "линейка" баргузор накарданд. Чун рӯзҳои маъмулӣ бедиранг дарсҳоро оғоз карданд", — гуфт модари донишомӯзи яке аз дабиристонҳои Душанбе.

Ҳолу ҳавои иди Қурбон ҳам шаҳрро фаро нагирифт. Имсол кӯдакон аз субҳ идгардак нарафтанд.

"Маъмулан дар иди Қурбон кӯдакон хона ба хона гашта идро ба мардум табрик мегӯянд ва идона дарёфт мекунанд. Вале имсол касе дарамро назаду табрик нагуфт. Аслан эҳсос намешавад, ки ид аст", — гуфт яке аз бошандагони пойтахт.

Ҳамсояаш низ гуфт, ки ҳарчанд фарзандонаш ин рӯзро интизор буданд, вале субҳ дабиристон рафтанду идгардак накарданд.

"Магар намешуд ин ду идро дар як рӯз ҳамзамон накунанд? Кӯдакон иди Қурбонро интизор буданд, вале аз идона маҳрум монданд", — гила кард вай.

Ҳарчанд бисёре аз хонаводаҳо аз дирӯз фарзандонро барои рафтан ба дабистон омода мекарданд, вале аз пухту паз барои дасторхони идона низ фаромӯш накарданд. Имсол рӯзи фаро расидани иди Қурбон дар чорчӯби хонаводаҳо ҷашн гирифта шуд. вале фардову пасфардо ҳам ид аст ва мардум идро бо ҳама суннату русумаш ҷашн хоҳанд гирифт.

Мавзуъ

Владимир Путин фаро расидани иди Қурбонро ба мусулмонон табрик гуфт
Мусулмонони Маскав иди Қурбонро дар Масҷиди ҷомеъ ҷашн гирифтанд
Дар кӯчаҳо касе нест: Дар Тоҷикистон иди Қурбонро ҷашн мегиранд
Якуми сентябр: Рӯзи дониш, иди Қурбон ё нофармонии шаҳрвандӣ?
Имомон аз волидон даъват карданд, рӯзи иди Қурбон фарзандонро ба мактаб фиристанд
Барчаспҳо:
Рӯзи дониш, иди Қурбон, Тоҷикистон-Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ