Рустам Эмомалӣ шаҳри Душанберо ба хунукӣ "омода" мекунад

Обуна шудан
Рустам Эмомалӣ дар бораи даъват кардани вакилон ба иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум қарор баровардааст

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии шаҳри Душанбе, дар ин маҷлис аз ҷумла масъалаи омодагӣ ба фасли зимистон баррасӣ мешавад.

"Ҳисоботи муовини раиси шаҳри Душанбе оид ба рафти иҷрои қарори раиси пойтахт “Дар бораи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017 – 2018 дар шаҳри Душанбе” ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе низ ба рӯзномаи иҷлосия ворид шудааст", — омадааст дар қарор.

Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум 25 сентябр, соати 9: 00 дар толори мақомоти  шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 80 баргузор мешавад.

Ба иттилоъи манбаъ, ду вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ваколатҳои худро қабл аз муҳлат қатъ мекунанд.

Масъалаи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №58, №61 ва №67 дар иҷлосияи дувоздаҳуми ин маҷлис баррасӣ хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0